Предыдущая публикация
Хаста фарзанд ба роҳат нигарон мебинам.
Ту назаргоҳи ҷаҳонӣ, чу биҳишти ҳарамӣ,
Пир дар боғи ҳарам, маст ҷавон мебинам.
Ҳар диёрат гузари пиру шаҳи хайрандеш,
Гуфта аз Носиру то шоҳи Калон мебинам.
Манигар бар сари кӯҳу, бинигар бар дари дил,
Сарбасар беғараз, оғози ҷаҳон мебинам.
Лутфи ширини забон, марҳами дилҳои алам,
Ҳама ширинсухану ҷон ба ҷон мебинам.
Ҳусни Зӯҳросифатон дар дили Рӯшони ман аст.
Ишқи пири Шоҳ Бурҳон зи Тусиён мебинам.
Шоирон файздиланд дар гузари Боми Ҷаҳон,
Варқаи суфта сухан ёри забон мебинам.
З-он диёри Шаҳи Бурҳон, Муносиб имрӯз,
Соиби шеъру ғазалҳои равон мебинам.
МУНОСИБ МУҲАММАДАТО
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Сокини хони дилу лаззати ҷон мебинам.