1. Дур будан аз дин ва ахлоқи ҳамида. Нарасидани таълимоти динӣ ба ҷавонон аз тарафи волидайн ва мактаб.
2. Бепарвоии волидайн нисбат ба фарзандон, гоҳҳо аз сабаби серкорӣ ва гоҳҳо машғул будан бо айшу ишрати худ. Дар натиҷа фарзанд дар фазои аз ҳад зиёд озод ба воя мерасад ва ҳар коре хоҳад, анҷом медиҳад.
3. Дӯстони бад. Ҷавон ҳамеша ба ҳамсолонаш пайравӣ мекунад. Агар ба муҳити бад ворид шавад, ҳатман бадрафтор хоҳад шуд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
“Мисоли ҳамнишини хуб ва ҳамнишини бад ба монанди аттор ва оҳангар аст. Аз аттор хушбӯӣ харидорӣ мекунӣ ё бӯи хуше дармеёбӣ. Вале оҳангар ё либосатро месӯзад ё аз ӯ бӯи баде дармеёбӣ”. (Ривояти Муслим).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев