КИССА
Лайло Халу зане аз мамлакати Магриб, умри худро ба гафлат гузаронида, бисёр имони заъиф доштаву мусалмони беамале буд. Дар асл у худро мусалмон медонист- аммо дар ъамал нишоне аз мусалмони дар у кариб ки дида намешуд! (чун баъзе мусалмонони имруза).
Аллох Субхонаху ва таъоло саранчом уро ба бемори саратон гирифтор мекунад, ки он нух сол идома меёбад ва бисёр ранч мекашад. Номбурда худ мегуяд:
- Ман бисёр имони заъиф дошта гумон мекардам, ки умри инсон як сон ба хушиву хурсанди сипари шуд, харгиз хусну чамолаш дур нагардад ва ба чунин як бемории дахшатноке гирифтор нашавад. Аммо хангоме ба ин бемори мубтало шудам рохи гурез мечустам, вале хайхот, ки хар чо мебудам ин бемори бо ман буд. Касд кардам худкуши кунам, аммо шахвар ва фарзандонамро дуст медоштам, ва ин кор монеъ аз чунин амал мегардид.
Дар он замон намедонистам, ки агар худкуши намоям ба азоби сахти Аллох таъоло гирифтор хохам шуд, биноан андешаи окибати ин амал хеч ба сарам намеомад. Локин иродаи Аллох Субхонаху ва таъоло дар ин будаст, ки ин бемори сабаби хидоятам ва хидояти одамони бисёре аз дасти ман гардад. Номбурда меафзояд:
-Баъди ба бемори саратон гирифтор гардиданам ба хотири табобат ба Белгия сафар кардам ва аз муоянаи табибони зиёд гузаштам, ки хама ба ин иттифок кардан, ки бояд синаи чапам бурида шавад. На танхо ин балки баъди буридани он давохоеро истиъмол кунам, ки муйхои сар абру, мижа, нохун ва дандонхоро мерезонанду дар руям сабаби баромадани риш мегарданд. Ман ин маслихати табибонро кабул накардам ва гуфтам. Аз ончи гуфтанд бароям бехтар аст, ки бо он шаклу андоме, ки Аллох таъоло халкам кардааст, бимирам.
Баъди ин хохиш кардам, ки давохои сабук ва безарар бароям бинависанд, ки чунин хам карданд. Вакто ба ватанам баргаштам ва аз он давохо истифода мекардам, дарду аламро эхсос намекардам.. Гумон кардам, ки табибон хато кардаанд ва ман бемори саратон набудам. Локин баъди гузаштани шаш мох руз ба руз дарду алам зиёд гардид ва рангу руям тагйир ёфт. Табибони Магриб хидоятам доданд, ки бори дигар ба Белгия биравам, ки ночор ба ончо сафар кардам. Ончо чун маро ташхис карданд ба шавхарам гуфтанд:
-Акнун ин бемори тамоми вучудашро фаро гирифтааст ва мо аз табобаташ очизем. Барои шумо хуб мешуд ба ватанатон бар мегаштед, ва занатон ончо вафот мекард.
Ин хабар шавхарамро ба дахшат овард ва ба чои ба Магриб баргаштан ба Фаронса сафар кардем. Дар ончо низ барои мо хеч давое пайдо нашуд ва дар андешаи ин будем, ки чигуна рохе пайдо карда синаи чапамро, ки пур аз хуну зардоб гардида буд бибурем. Ин хангом ба калби шавхарам Аллох таъоло кореро илхом кард, ки мо тамоми умр аз он гофил будем ва хеч ба ёдамон намеомад. «Худованд хар киро хидоят кард-гумрохкунандае нест»!
Он зиёрати Каъбатуллох ва ру ба руи хонаи Аллох таъоло истода,тавбаву истигфор ва шифо талаб кардан буд. Аз шахри Париж Курьоне харидему ихром баста, такбир гуён бо тайёра ба чониби хонаи Аллох таъоло парвоз кардем. Чун ба масчиди «харом» даромадем ва ру ба ру хонаи Аллох таъоло истода шудам, ъамалхову гуноххои худро ба ёд оварда бисёр гиристам ва чунин дуъо кардам:
--Парвардигор! Табибон аз табобатам очиз монданд, ва Ту зоте мебоши, ки дардро медихи ва давои онро худат медони! Ба чуз пеши даргохи Ту истодан, дигар хама дархо ба руям баста шуданд, дари «Рахмататро» ба руям банд масоз!
Баъди ин дар атрофи хонаи Худо бисёр тавофу дуъо мекардам, ки маро ноумед масоз агарчи хамаи табибон аз табобатам ноумед гардидаанд! Дар масчиди харом назди уламо мерафтам ва аз онон хохиш мекардам, ки бароям даво муайян намоянд. Хамаи онон мегуфтанд, ки Куръони Каримро худам зиёду бардавом бихонам, оби замзамро бисёр бинушам, ки хатто шикамам аз он пур шавад ва ба зикри Худову дуруди бар Расулаллох (с.а.в.с) машгул бошам!
Баъди анчом додани ончи фармуданд худамро сабук ва диламро хуш эхсос кардам. Аз шавхарам хохиш кардам, ки маро ичоза бидихад, то дар масчиди харом бошам ва ба мехмонхона наравам, ки у рози шуд. Дар ончо бо занони мисри ва турки шинос шудам. Онхо хангоме диданд, ки ман бисёр гиря мекунам наздам омада аз холам пурсон шуданд . Барояшон гуфтам. Гиряи бисёри ман аз ду чихат аст:
- Аввалан ин ки бори аввал ба хонаи Худо омадам ва харгиз гумон надоштам, ки онро чунин дуст хохам дошт. Солхо ба ном мусалмон будам- аммо дар асл ъамале аз Ислом надоштам. Барои хамин зиёд тавбаву истигфор дорам. Сониян ман ба бемори саратон гирифторам, ки духтурони бехтарини дунё дар табобати он очиз мондаанд.
Баъди ин он занон низ аз шавхархояшон ичоза гирифта, хамрохи ман шабхоро дар масчиди «харам» дар тавоф ва ибодат сипари мекарданд ва хоб намекардем. Субхоналлох! Чи зебост ин бародариву хохарие ки Худованд миёни мо мусалмонон эълон намудааст: -заноне ки рузе пеш онхоро намешинохтам- имруз дар вазнинтарин лахзахои хаёт маро хамрохи мекунанд, дастгири менамоянд. Ъамале шояд баъзе бародарону хохарони асли накунанд.
Ба гайр аз нушидани оби зам-зам бисёр таъоми кам мехурдам. Баъди гузаштани панч руз аз миён болои баданамро, ки пур аз дог ва синаам, ки пур аз хуну чирк буд, ба оби зам-зам хостам бишуям. Хохарони эмониам маро ба ин кор мачбур мекарданд. Бори аввал ман бисёр бо эхтиёт дастамро болои синаам мебурдам, бори дуввум часуртар шудам ва чун бори саввум баданамро шустам хеч нишони дардеро эхсос накардам ва хеч догеро дар баданам надидам.
Хохаронро гуфтам онхо баданамро масх кашидан хеч нишонахоеро, ки аз бемории саратон зохир шуда буд наёфтанд. Ман аклу хушамро аз шоди ва сурур аз даст додам. Баъдан ба мехмонхона омада ру ба ру шавхарам куртаи баданамро пора- пора кардам ва ба у гуфтам:
-Ба ин «рахмати Худованд» назар намо, ки хеч нишонае аз бемори саратон боки намондааст. У бисёр гиря карду гуфт:
--Табибон бароям касам хурда буданд, ки умри ту хамаги се хафта боки мондааст!
Ман гуфтам:
-Ачалхои мардум ба яди кудрати Худованд аст ва чуз У дигар хеч касе гайбро намеданад?
Баъди ин як хафтаи дигар дар масчиди «харам» боки мондем сипас ба Мадинаи Мунаввара сафар карда масчиди набаввиро зиёрат намудем ва ба Фаронса пас гаштем. Вакто табибон дар ончо маро муоина карда диданд ба дахшат омаданд ва кариб буд аклхои худро аз даст бидиханд, онхо гаштаву баргашта мепурсиданд: -Оё ту фалонии?
Ман бошам бо фахр мегуфтам: -Оре, ва шавхарам фалонист! Манам, ки аз бе ъамали тавба кардам ва акнун гайр аз Аллох таъоло аз касе хавф надорам ва тамоми кор ба яди Уст!
Табибон гуфтанд:
-Холати ту бисёр ачиб аст, бояд аз нав муъояна шави!
Чун ташхис карданд, хеч асареро аз бемори саратон дар ман наёфтанд. Баъди ин ман тарзи хаёти худро табдил карда, ба омухтани зиндагиномаи Расулаллох(с.а.в.с) ва ёронаш шуруъ кардам ва ба намозу руза вакти хешро мегузаронаму аз пушаймонии солхои умри зоеъ кардаам гиря мекунам. Дуъо мекунам, ки Аллох таъоло тавбаи ман ва шавхарам ва тамоми мусалмононро кабул намояд.
))))))))))))))))))))))))))))))))(((((((((((((((((((((((((((((((((((((((9
ЪИБРА:
Мусалмон дар мушкилтарин холатхои хакки онро надорад, ки аз Парвардигораш ноумед шавад. Хатто хадиси мубораке ёд дорем ки чавони гунохи нобахшидани (бо мурда зино кард) кардаро Паёмбар(с.а.в.с) аз пешаш бо газаб пеш кард- аммо он чавон аз гунохи кардаи худ сахт пушаймон шудо гирёну нолон ба биёбон баромад. Ин чавон бошад, пушаймону нолон ба суи як биёбоне рафту дар ончо бо гиряхои бисёр чунин гуфт:
-Худоё! Ман гунохи азиме кардам ва назди Пайгамбарат рафтам,аммо у маро аз наздаш пеш кард, пас ман кучо равам? Ки ба доди ман мерасад? Худоё! Умедам аз хама канда шудааст,танхо аз Ту умед дорам,ба додам бирас.
Дар хамин хангом «дархои рахмати Илохи» ба руи ин чавон боз шуд ва Худованд уро бахшиду хазрати Чабраил (ъ)-ро назди Пайгамбар (с.а.в.с),равон кард. Худованд ба Чабраил гуфт:
-эй Чабраил рафта ба Пайгамбарам бигу,ки он чавоне,ки як гунох кардааст, аз наздаш пешаш кард, пас бо он уматоне,ки шабу руз садхо гунох мекунанд,дар рузи «киёмат» чигуна ба онхо ру ба ру мешавад??
Чабраил ин суханро,ба Пайгамбар (с) расонид. Пайгамбар (с), он чавонеро,ки бо мурда зино кард, назди худ даъват кард ва дар хакаш дуъо кард. Хангоме,ки намози шомро мехонданд, Пайгамбар(с.а.в.с) ин ояти Курьонро дар намози шом кироат кард,ки маънояш чуни буд:
-«Эй касоне,ки имон овардаед,тавба кунед ба суи Худо,зеро у Бахшоянда ва Мехрубон аст».
Вакте ки он чавон дар намоз, маънои ин оятро шунид,пас аз хурсандии оне,ки Худованд Бахшоянда аст, дар хангоми сачда кардан, чонро ба Хак супорид. Пас аз тамом шудани намоз, мардум он чавонро диданд,ки алакай чонаш баромадааст.
Дустони азиз,пас мо ин кадар гунохе,ки мекунем,оё боре пеши Худованд тавба кардаем??? Агар не,пас холамон чи мешавад? Холо хам вакт дорем биёед бохам, Тавба ва бозгашт ба суй Худо кунем то ин ки аз зумраи начот ёфтагон гардем! Дигар ин, ки тавбаи содикона бахри рахмати Парвардигоро ба чуш оварда, мусибатхои сахттар ва бузургтар аз бемори саратонро махв хохад кард!
Дархои Рахмати Парвардигор Бузурганд ва хар ки аз сидки дил «Тавбаи Насух» ки кунад уро мебахшад ва некихои дунёву охиратро бонасибаш мегардонад. Дигар ин ки имрузу соатхо бехтарин мох аст ки хам мохи Рахмат аст, хам Магфират ва хам Дохилшави ба Чаннатул-маъво. Пас хар яки мо пеш аз кушодани руза 1-2 дакика пеш дуъои зиёд кунем, тавбаву тазарруъ кунем чун он дакикахо соати ичобати дуъост тибки Хадиси муборак.
Зиёди мардум як дуъои ифторр мекунанду зуд ба нушидану хурдан шуруъ мекунанд. Аммо 1-2 дакика пештар ба хар яки мо нек аст ки дар хакки ин «дину миллат, гузаштагон, волидайну фарзандон, дар хаки бародарону хохарони эмони, дар хаки мазлумон ва хамчунин хочатхои худ дуъои зиёд намоем аз Парвардигор - ин аст таъкидшуда.
Зиёданд нафароне ки ноумед мешаванд ва ё нафароне хастанд ки аз гуноххои пешинаи онхо зиёд ёдовар мешаванд(ин феъли Шайтонист) ва ин онхоро ноумед месозад. Аммо онхо бехабаранд ки гайри 1-2 гунохи вазнин амсоли Щирк ки нобахшиданист боки хама гуноххоро Худованд мебахшад- гар сари вакт «тавбаи аз сидки дил» намоем . Чун У Рахмону Рахим, Гафуру Карим аст. Хатто дар Куръон дар ояти муборак Худованд ба мо бандагон мефармояд:
-« Удъуни Истачиблакум»- яъне шумо бандагон худатон дуъо кунед Ман (ч.ч) ичобат мекунам.
Боз хам нафароне хастанд ки пайрави аз ин ояву дигар фармудахои Худовандро накарда назди чодугару фолбинхои кофир мераванд ва хам бенасиб мемонанд ва хам «эмон» аз даст медиханд. Чи мусибатест вазнин.
Дигароне хастанд бемор шаванд ва ё мушкиле пеш ояд –ба чои он ки дар намозу дуъо аз Худованд шифо ва кушоиши кор талабанд, аз аъмоли куфриву ширки сар мекунанд:
- Аловгардон мекунанд, хар гуна гушту нушокихои харромро мехуранд. Нафароне хастанд ки барои тавбаву истигфор Зиёратгохе мераванд, ва ба ягон домлое ки пул талаб мекунад пул дода гумон мекунанд : ана гунохам бахшида шуд. Аммо Худованд гуфтаст ки Ту худ дуъо кун- на ин ки дар хакат дуъо кунанд. Албатта рав аз пирону бузургон ва аз хама хубу бехтарин аз волидайнат зиёд дуъои нек бигир - аммо дуъои Истигфору дуъои Хочатро , дуъои шифоро худ кун ва зиёд гиряву зории аз сидки дил бикун чун ин аст фармудаи Худованд.
«Истигфор» поккунандаи чамии гуноххост албатта агар дигар он гуноххоро такрор накуни ва руй ба тоъату ъибодати «холисона» биёри. Сипас вакте ки аз гунох пок шуди шабонгох намозхои нофила бихону аз Холики Осумонхо хар хочате ки дори:
-чи шифо, чи фарзандони «солех», чи зан ё шавхари солеху солеха, чи он хочатхое ки дар дили ту нихон аст талаб бикун ва суханхои баъзеи номуллохои «гараздор»-ро гуш накун. Чун зиёданд чунин гараздор ноМуллохое ки мегуянд ту зиёд гунахкори худ дуъо накун- пеши фалони рав ё назди ман биёву пулу мол биёр то дуъо кунам. Ё ки 2-3 хафта назди кабри фалони рав хайр кун, мол бикуш ва г. то гуноххоят бахшида шаванд.
Афсус хастанд чунин ноМуллохои мунофиксифат, ки худ зидди фармудахои Худованд фатвоят медиханд то пулу молатро бигиранд. Ё ки инхо метарсанд гуянд ки дар Курьон Худованд ва Паёмбар (с.а.в.с) дар хадисхои муборакашон зиёд таъкид кардаанд ки хар банда худ руй ба «даргохи Худованд» оварда пас аз адои намозхои «нофила» дуъо кунад ва хочат хохаду истигфор талаб кунад -Ин Шо Аллох кабул хохад гашт.
Чун онхо метарсанд ки гар мардуми «омми» аз ин бохабар шаванду хар мушкилу хочате ва беморие болояшон омад худ дар намозу дуъо руй ба «Даргохи Илохи» оранд ва аз Худованд кушоишу осоишу шифо ва хочоте ки доранд бихоханд дигар «муштарихояшон (клиент) кам мешавад. Дигар мардум сари кабри «азизон» танхо барои дуъои «хайр» кардан меоянду гову молу пулу канд намеоранд –пас ба ин ноМуллохои болои катхо менишаста зарурат намемонад. Он вакт дигар мардуми гумрох намемонад ки ба онхо гову гусфанду пулу молу матоъ ва хурока биёранд. Ин аст сабаби он ки баъзе ноМуллохо мехоханд мардум гумрох бимонанду аз ин намозу дуъохои муборак хабардор нагарданд.
Аммо бародарону хохарони Эмони шумо бояд донед ки!:
-дар асл бехтарин дуъоро пас аз адои намозхо, вакти кушодани рузаи чи фарзи ва чи нофилаи душанбеву панчшанбе мегирифтаги ва ё соатхое ки ичобати дуъохост худатон намоеду - умедатон танхо ва танхо ба Рахмати Парвардигор бошад Ин Шо Аллох муваффак мешавед! Боки Худованд мову шуморо тавфики дар бандаги ва пайрави аз Курьону Суннати Набияш бонасиб гардонад! Омин!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2