Дар шаби Қадр бояд намоз хонд, Қуръони Карим тиловат кард, тавба кард, дуою истиғфор талаб кард.
Шахсе, ки намози қазоӣ дорад, пеш аз намозҳои нафл хондан ҳадди ақал панҷ вақт намози қазоӣ хондан, фазилати бузург дорад. Агар қазоӣ надошта бошад, нафл хонад.
Суфёни Саврӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бодо!) фармуданд:
Дар шаби Қадр дуову истиғфорро аз намози нафл авлотар мешуморам. Қуръон хондан ва баъдан дуо кардан боз ҳам волотар аст. (Таҷриди Сориҳ)
Модарамон ҳазрати Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бодо!) ба Расулуллоҳ (с) суол медиҳад, ки:
Дар шаби Қадр чӣ гуна дуо кунам?
Расулуллоҳ (с) фармуданд:
اَللّهُمَّ اِنَّكَ عَفُوٌّ تُحِبُّ الْعَفْوَ فَاعْفُ عَنّى
Аллоҳумма иннака афуввун туҳиббул афва фаъфу анни.
Аллоҳам, ту беҳад бахшандаӣ ва бахшиданро дуст медорӣ ва маро афв бикун!
Барои он нозукии шаби Қадрро соҳиб шудан тамоми шаб тавбаю истиғфор бояд кард. Ин амал имонро тоза (соф) мекунад. Он нафароне, ки шаби Қадрро куллан эҳё карда наметавонанд, ками дар кам баъди хондани таровеҳ каме нишаста дуо кунад.
Намози шаби Қадр?
Намози махсуси шаби Қадр вуҷуд надорад. Камаш ду ракат,бисёраш ҳазор ракат ва миёнааш сад ракат аст.
Агар ду ракат хондан бошад, пас дар ҳар ракат дусад оят хондан мебояд.
Агар сад ракат намоз хондан бошад, пас баъди ҳар як фотиҳа як маротиба сураи Қадр ва боз се маротиба сураи Ихлос (сураи қул ҳуваллоҳу аҳад) хонда шавад. Баъди ҳар ду ракат салом дода мешавад.
Дуои; اَللّهُمَّ اِنَّكَ عَفُوٌّ تُحِبُّ الْعَفْوَ فَاعْفُ عَنّى " Аллоҳумма иннака афуввун туҳиббул афва фаъфу анни.
Аллоҳам, ту беҳад бахшандаӣ ва бахшиданро дуст медорӣ ва маро афв кун!- ро барзиёд хондан мебояд.
ҚАДРДОНӢ КАРДАНИ ШАБҲОИ МУҚАДДАС
Ҳар шаби муқаддас неъматест аз ҷониби Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.), ки васила мегардад, то авфу мағфират талаб кунем, аҷру савоб ба даст орем, аз балою мусибат наҷот ёбем ва ризогии Аллоҳ Таъолоро дарёбем. Дар чунин шабҳои муқаддас амалҳои зерин авлотар аст.
1.Тиловати Қуръони Карим, гӯш кардани Қуръон ва умуман ҳисси эҳтиром ба Қуръонро дубора эҳё кардан.
2. Ба Раулуллоҳ (с) салоту салом равон кардан. Шафоати Ӯро (с)-ро умед кардан ва шуури уммат буданро тоза кардан.
3. Намозҳои қазо ва нафл хондан.
4. Тафаккур кардан. (ман, ки ҳастам, аз куҷо омадам, ба куҷо меравам, Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) аз ман чӣ мехоҳад ва ғайраҳо.)
5. Дар тарозӯ санҷидани ҳаёти аз сар гузашта. Нақшаҳои ҳозира ва ояндаро кашидан.
6. Истиғфор ва тавбаи насуҳ кардан. Шабро фурсати охирон дониста надомат кардан.
7. Зикри зиёд ва дуо хондан.
8. Бо муъминон пиҳил (бахшидан) кардани ҳақи якдигар ва ризогии эшонро гирифтан.
9. Қаҳрибудаҳоро оштӣ кунондан ва чеҳраҳои хазонро дурахшонидан.
10. Дар дуоҳо номҳои бародарони Исломии хешро зикр карда аз Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) барояшон Имони Комил талаб кардан.
11. Ҳақдоронро ҷустуҷӯ карда ёфтан ва аз онҳо талаби бахшидани ҳақҳои хеш. Ахлоқи вафо ва қадрдониро иҷро кардан.
12. Шахсони камбағал, ятим, бемор, маъюб ва бекасро зиёрат карда ба онҳо муҳаббат, шафқат, ҳурмат ва тӯҳфаҳо ва садақа бахшида эшонро шод кардан.
13. Оиди он шаби муқаддас оятҳо тиловат кардан ва тафсири оятҳоро хондан, агар имкон бошад бо ҷамоъат.
14. Соати вазъу насиҳат ташкил кардан.
15. Намозҳои шом, хуфтан ва бомдоди он шаби муқаддасро бо ҷамоъат дар масҷид хондан.
16. Зиёрати мазорҳои бузургон.
17. Зиёрати мазорҳои наздикон ва дӯстон.
18. Хабар гирифтани падару модар ва дустоне, ки дар қайди ҳаётанд.
19. Дар ҳақи тавсиядиҳанда низ дуои хайр кардан.
Бо МО бошед ok.ru/isslam.iman.ihsan1
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4