Номи Синоят рабуду ҷумла дармонат гирифт.
То ба имрӯз аз азал шаъну ғурурат ном ёфт,
Ҳар гадое пора-пора як лаби нонат гирифт.
Лек, Ворухат ба қирғизҳо намебахшем мо,
Хоки аҷдодӣ ба чингизҳо намебахшем мо!
Як тараф аз даст Балху ҳам Бухорои ту рафт,
Канданию сарвату ҳар санги хорои ту рафт.
Рағми бераҳмии қисмат ханда бар лаб, шодмон
Достони дӯстият то Сурайёи ту рафт.
Лек, Ворухат ба қирғизҳо намебахшем мо,
Хоки аҷдодӣ ба чингизҳо намебахшем мо!
Хоки поки Ворух аз аҷдоди аҷдоди ман аст,
Талъати шамсаш нишони аслу бунёди ман аст.
Рехт баҳраш хуни Темур-ул-маликамро муғул,
Дарду доди Ворухам ҳам дарду ҳам доди ман аст.
Як ваҷаб хокат ба қирғизҳо намебахшем мо,
Хоки аҷдодӣ ба чингизҳо намебахшем мо!
Омина Ҳамроева
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев