Ханда бар лаб мезанам то кас надонад рози ман..
Тақдири Худоро чора нест ва ҳар банда пеши тақдири кашидаи Аллоҳ оҷиз аст. Ҳабдаҳ сол қабл дар ҳамин рӯз Аллоҳи меҳрубон амонаташро бозпас гирифт.
Бо гузашти 17 сол аз марги шоҳсутуни хонадон,тоҷи сарам,нури дидагону қуввати ҷисму ҷонам,офтоби нурбахши хонадон, Падарҷони азизам наметавонам дарди бепадарирро таҳаммул кунам.
Он кас, ки маро руҳу равон буд, падарам буд,
Он кас, ки маро фахри замон буд, падарам буд.
Афсӯс , ки рафт аз сарам он сояи раҳмат,
Он кас, ки бароям нигарон буд, падарам буд.
Ба даргоҳи Аллоҳи меҳрубон оҷизона дуъо мекунам,ки Аллоҳи меҳрубон қабратро пурнуру саробустони ҷаннатро макони абадиат насиб гардонад Падарҷон.
Бирезад дар сари қабри ту оби дидаҳои ман
Расад бар гуши арвоҳи ту Алҳамду дуои ман.
Руҳат шоду манзили охиратат обод бошад Падарҷон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4