Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки аз зери харобаҳои Ғазза, пас аз барқарор кардани оташбас, ҳадди ақал 354 ҷасад кашф шудааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Шабакаи Ал-Ҷазира гузориш дод, ки наҷотдиҳандагон дар Ғазза аз замони оғози оташбас, барои кандани харобаҳо ва ёфтани ҷасадҳои шаҳидони Ғазза машғуланд.
Ба гуфти Вазорати тандурустии Фаластин, 14 ҳазор ва 222 нафар дар Ғазза бедарак шудаанд, ки эҳтимол меравад аксарияти онҳо дар зери харобаҳо дафн шуда бошанд.
Баромадани ин ҷасадҳо аз зери харобаҳо дар ҳоле аст, ки СММ ду ҳафта пеш дар гузориши худ навишт, ки агар 100 мошин дар шакли рӯзона корҳои кандани харобаҳоро анҷом диҳанд, ин кор 15 сол тӯл хоҳад кашид ва тақрибан 1.2 миллиард долар харҷ хоҳад шуд.
Бар асоси оморҳои расмӣ то ҳол 47460 нафар дар Ғазза аз оғоз шудани ҷанг дар 7 октябри 2023 ба шаҳодат расидаанд. https://tajikpress.com/2025/01/31/%d0%ba%d0%b0%d1%88%d1%84%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d0%b4%d2%b3%d0%be-%d2%b7%d0%b0%d1%81%d0%b0%d0%b4-%d0%b0%d0%b7-%d0%b7%d0%b5%d1%80%d0%b8-%d1%85%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b1%d0%b0%d2%b3%d0%be-%d0%bf%d0%b0%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев