Нахуствазири Русия, Михаил Мишустин, дар сафараш ба Ветнам гуфт, ки Маскав бо вазъияти ба вуҷуд омада аз таҳримҳои шадид аз ҷониби Ғарб созгор шуда аст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Мишустин дар Ветнам гуфт: “Русия таҳти фишори афзояндаи таҳримҳо қарор дорад, вале мо муваффақ шудем, ки худро бо ин шароит мутобиқ кунем.”
Нахуствазири Русия, ки рӯзи гузашта бо ҳамтои ветнамиаш мулоқот кард, имрӯз дар нишасте бо фаъолони аршади тиҷоратии Русия ва Ветнам ширкат намуд. Ба гуфтаи ӯ, Русия, ки худро бо таҳримҳо мутобиқ намуда ва воридоти худро иваз кардааст, истеҳсолоташро афзоиш додааст.
Вай рӯзи гузашта дар Ветнам расман бо қабули нахуствазири ин кишвар рӯбарӯ шуд ва ду кишвар чандин созишнома дар соҳаҳои мухталифи дифоъӣ ва иқтисодӣ имзо карданд.
Ин сафар дар шароите сурат гирифтааст, ки пас аз оғози ҷанг дар Украина, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ фишорҳои ҳамаҷониба бар зидди Русия эҷод намуда ва кӯшиш мекунанд, ки ин кишварро ба изоляцияи байналмилалӣ гирифтор кунанд.
Ба гуфтаи нахуствазири Русия, дар муқобили ин тадбирҳо, “истеҳсоли дохилӣ (дар Русия) ва иваз намудани воридот дар соҳаҳои гуногун дар ҳоли рушд аст”.
Вай бо ишора ба он, ки саноатҳои Русия натиҷаҳои хуб нишон дода, пас аз 11 моҳ дар соли гузашта афзоишаш аз 4 дарсад зиёд шуд, гуфт: “Ҳар чизе, ки барои устувор кардани динамикаи иқтисод ва эҳё кардани фаъолиятҳои сармоягуз https://tajikpress.com/2025/01/15/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%bc%d0%be-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d1%82%d0%b8-%d1%84%d0%b8%d1%88%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%b8%d0%bc%d2%b3%d0%be-%d2%b3%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b5%d0%bc/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев