Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълон кард, ки соли 2024 бадтарин сол барои кӯдакон будааст ва аз ҳар шаш кӯдак, яке дар минтақаҳои ҷангзада зиндагӣ кардааст.
Дар баёнияи нави худ, ЮНИСЕФ изҳор дошт, ки дар соли 2024 тақрибан 473 миллион кӯдак (яке аз ҳар шаш кӯдак) дар минтақаҳои гирифтори ҷанг зиндагӣ кардаанд.
ЮНИСЕФ қайд кард, ки ин омор баландтарин нишондоди сабтшуда дар таърихи ин созмон мебошад ва афзоиши чашмраси шумораи кӯдаконе, ки дар натиҷаи низоъҳо маҷбур ба тарки манзилҳои худ шудаанд, нишон медиҳад.
Бар асоси гузориши ин ниҳоди байналмилалӣ, таносуби кӯдаконе, ки дар минтақаҳои ҷангзада зиндагӣ мекунанд, аз 10% дар даҳаи 1990 ба тақрибан 19% дар соли ҷорӣ расидааст.
ЮНИСЕФ бо ишора ба бесарпаноҳ шудани беш аз 47 миллион кӯдак то поёни соли 2023 пешбинӣ кард, ки бо афзоиши низоъҳо дар Ҳаитӣ, Лубнон, Мянмар, Фаластин ва Судон, ин рақам дар соли 2024 бештар хоҳад шуд.
ЮНИСЕФ ба тақрибан 33 ҳазор ҳолати хушунати сабтшуда алайҳи кӯдакон дар соли 2023 ишора карда, гуфт: Ин рақам дар таърихи ЮНИСЕФ баландтарин аст ва эҳтимол бо идомаи ҷанг дар Ғазза ва Украина дар соли 2024 афзоиш ёбад. https://tajikpress.com/2024/12/29/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d0%b5%d1%84-%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b0%d0%bb/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев