(дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ибрози андеша намуданд. Президенти кишвар изҳор намуданд, ки бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодаанд. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем, зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд, - зикр намуданд Пешвои миллат.
Ҳамкориҳои густурда бо кишварҳои хориҷи дур ва наздик имкон фароҳам овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва иқтисодиро татбиқ намуда, муҳимтарин масъалаҳои марҳилаи гузаришро ҳал менамояд. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон робита ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия ва Чин дар сархати авлавият қарор дорад. Ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб низ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон самти муҳим буда, барои таъмини манфиатҳои миллии кишвар нақши ҷиддӣ мебозад. Дар ин самт бо Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Чин, кишварҳои Шарқ таҷриба ва анъанаҳои устувори ҳамкориҳо ҳосил шуда, барои ҳалли муваффақонаи як силсила масъалаҳои муҳимми иқтисодӣ равона шудаанд.
Бо шарофати Истиқлолияти кишвар бунёди хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 220 - 500 кВ-и “Ҷануб - Шимол”, “Айнӣ - Панҷакент”, “Лолазор - Хатлон” “Қайроққум - Ашт” ба истифода дода шуд. Инчунин дар доираи барномаҳои гуногун Тоҷикистон бо кумаки ташкилоти байналмилалӣ ва кишварҳои шарик лоиҳаҳои гуногуни инфрасохториро амалӣ кардааст. Масалан, лоиҳаи "CASA-1000", ки бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ шуда, барои интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон равона шудааст. Ин лоиҳа на танҳо ба беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ дар минтақа, балки ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон низ мусоидат мекунад.
Дар зарфи 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳҳои Сангтуда 1 (670 МВт), Сангтуда 2 (220 МВт), Маркази гармию барқии Душанбе-2 (400 МВт), агрегати 1 –ум ва 2 -юми НБО Роғун, НБО Помир – 1 (28 МВт) ва зиёда аз 250 адад НБО хурд, дастгоҳҳои офтобиро ба истифода дода, зиёда аз 1500 МВт тавоноии навро ба истифодабарандагон ирсол намудаанд.
Сохтмони хати баландшиддати (ХБ) ХБ-500 кВ «Ҷануб - Шимол», дарозиаш 263 км, хати баланшиддат аз зеристгоҳи «Регар-500» ба зеристгоҳи нав сохташудаи «Душанбе - 500» (бо шиддатҳои 500/220 кВ, масофаи 49,9 км) (Л-517) ворид мешавад ва баъд бо хати номгўи танзимаш Л-518 бо дарозии 213 км ба зеристгоҳи нави «Суғд – 500» пайваст шудааст. Ин неругоҳҳо дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ сохта шуда барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар кишвар нақши муҳим бозиданд.
Дар давраи истиқлол Тоҷикистон як қатор барномаҳои миллӣ барои рушди соҳаи энергетикаро қабул намудааст. Ин барномаҳо баҳри беҳтар намудани инфрасохтори энергетикӣ, кам кардани талафоти неруи барқ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо ба аҳолӣ равона шудаанд. Яке аз чунин барномаҳо "Барномаи рушди соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030" мебошад. Ҳадафи барномаҳо ин аст, ки Тоҷикистон бояд ба кишвари содироткунандаи неруи барқ табдил ёбад.
Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд, - иброз намуданд Сарвари давлат.
Соҳибистиқлолӣ барои сохтмони НБО «Роғун» иқдоми такконбахш гардид. «Роғун» аз ҷиҳати иқтисодӣ, минтақавӣ ва глобалӣ замина барои кишвари истеҳсолкунанадаи энергияи бузург имкон пайдо намуд. Ин НБО- и азими минтақавї натанҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, баракату фаровонӣ ва ҳамбастагӣ ато менамояд, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурияти беандоза бузурги сохтмонҳои азиму гаронқимати соҳаи энергетикаро пурра дарк намуда, бо иродаю матонати хос, ба тамоми фишорҳои бисёрҷониба нигоҳ накарда, тавонист дар арсаи байналхалқӣ барои давом додани сохтмони неругоҳи Роғун ҷонибдорӣ ёбад, то ки он бо нишондодҳои пешбинишуда бо сарбанди бузургтарини баландиаш 335 метр, иқтидори 3600 МВт ва истеҳсоли солонаи энергия 13,4 миллиард кВт•соат сохта шавад. Ғайр аз ин захира намудани оби дарёи Вахш дар обанбори Роғун ва Норак боиси боэътимод шудани таъминоти обёрии заминҳои кишвар ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя хоҳад шуд.
Аз нақбҳои сохтмонию нақлиётӣ, толори мошинҳо, толори трансформаторҳо, шахтаҳои ҳавокашӣ, сарбанди неругоҳ, ядрои сарбанд ва обанбори НБО дидан намуда дарк кардем, ки дар ҳақиқат миллати тоҷик ободкору созандааст. НБО-и Роғун бо тарҳҳои мувофиқ ба замони муосир сохта шуда, агрегатҳои бузурги Нур дар умқи кўҳҳои осмонбӯс қарор доранд.
Сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида буд. Бояд қайд кард, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ гардид. Тибқи маълумотҳо лоиҳаи сохтмони НБО Роғун аз ҷиҳати техникӣ, экологӣ, иқтисодӣ мувофиқ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ эътироф карда шуд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти энергетикӣ дар Тоҷикистон тадриҷан ҳалли худро меёбад. Сохтмони иншооти бузурги аҳаммияти стратегӣ – НБО-и Роғун дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши муҳим мебозад. Бунёди НБО-и Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург аст. Фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ барои ҳар фарди ватандӯст – коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф дар сарнавишти рушди миллату давлат ба шумор меравад.
Фардои дурахшони мо тоҷикон аз бунёди Роғун вобаста аст, зеро обанбори НБО Роғун манбаи азими захираи оби тоза гардида, Тоҷикистон истеҳсолкунандаи энергияи бузург дар минтақа ва ба зинаи нави тараққиёт ноил хоҳад гардид.
Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Абдуҷалилзода Фарзона –
сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев