Дар баъзе ҳолат лозим нест, ки ба компютери фардии Шумо вирус ворид кунанд, чун бештари камераҳо худ қобилияти истодагарӣ ба хакерҳоро надоранд.
Ҳатто Марк Cукерберг ва Ҷеймс Коми, директори собиқи ФБР, воқеияти шикастани вебкамераҳоро аз ҷониби хакерон эътироф кардаанд.
Бадхоҳон метавонанд бидуни огоҳӣ ва фаъол кардани чароғак дар дастгоҳи Шумо камераро фаъол кунанд.
Намехоҳед вебкамераро дар дастгоҳатон ба таври доимӣ хомӯш созед? Аммо ҳамчунин намехоҳед, ки нафарони бадхоҳ оила ё фарзандони шуморо ҷосусӣ кунанд? Барои ин мо ба шумо роҳи осони муҳофизат аз ҳакерҳоро бе хомӯш кардани вебкамера пешниҳод менамоем!
Барои ин ба Шумо барномаҳои антивирусӣ кӯмак мекунанд. Яке аз антивирусҳои ройгон - Avast Premium Security Antivirus дорои функсияи муҳофизатии вебкамера мебошад. Барнома фавран шуморо ҳангоми кӯшиши фаъол кардани веб-камера аз ҷониби бадхоҳон огоҳ мекунад.
Муҳофизати веб-камера назорати осонро аз болои танзимот фароҳам меорад. Масалан, дар ҳама ҳолатҳо, ҳамаи замимаҳо (ҳатто барномаҳои санҷидашуда) барои фаъол кардани вебкамера аз шумо иҷозат мепурсанд. Ягон барнома вебкамераро бе огоҳии шумо истифода карда наметавонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1