Танҳо 5%-и пурсидашудагон гуфтаанд, ки истифодаи он ба руҳияи инсон таъсири мусбат мерасонад. 45% -и дигар истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро ҳам зараровар ва ҳам фоидаовар арзёбӣ кардаанд.
Мо чанд омилҳоро ҷамъоварӣ кардем, ки бо риоя кардани онҳо ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ - ба солимии руҳи шумо таъсири камтар мерасонад.
Истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд кунед
Зиёд истифода кардани шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба кор ва муносибатҳои шахсии Шумо халал расонад. Ба истифодаи шабакаҳо вақти муайянро ҷудо карда, барои суҳбат бо наздикон вақти бештар ҷудо намоед.
Кӯшиш кунед, ки ҳангоми хӯроки муштарак бо оила ё дӯстон, ҳангоми бозӣ бо кӯдакон ва ё сӯҳбат бо наздиконатон, саҳифаи худро дар шабкаҳои иҷтимоӣ тафтиш накунед.
Аз парҳези рақамӣ истифода кунед
Парҳези рақамӣ – танафуси шахс дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ. Чанд таҳқиқот нишон доданд, ки тарк кардани Facebook ҳатто ба муддати панҷ рӯз ё як ҳафта метавонад боиси кам шудани стресс ва афзоиши лаззати зиндагӣ гардад.
Ҳамин тавр, як таҳқиқоти дигар нишон дод, ки парҳез аз истифодаи Facebook, Instagram ва Snapchat барои 10 дақиқа дар як рӯз барои се ҳафта аллакай таъсири мусбати худро мерасонад. Ин коҳиш ёфтани ҳисси танҳоӣ ва депрессияро ба вуҷуд меорад.
Ба ҳиссиёти худ диққат диҳед
Ҳиссиёти худро санҷед. Дар вақтҳои гуногуни рӯз ба шабакаҳои иҷтимоии писандидаатон ворид шавед ва баҳо диҳед, ки он ба шумо чӣ таъсир мерасонад. Масалан, шумо метавонед пай баред, ки дар давоми рӯз истифодаи кутоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳияи шуморо болида мекунанд. Агар шумо ҳис кунед, ки пас аз истифодаи Facebook то нимашаб, рӯзи дигар худро хаста ва ғамгин эҳсос мекунед, беҳтар аст, ки аз истифодаи он то бевақтии шаб даст кашед.
Тадқиқоти охирин нишон дод, ки корбароне, ки матлабҳои дӯстони худро дар Фейсбук мехонанду зиндагии худро бо онҳо муқоиса мекунанд, дар худ эҳсосоти манфиро бедор мекунанд.
Шабакаҳои иҷтимоиро мақсаднок истифода кунед
Вақти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар смартфон ё компютер ба худ суол диҳед: "Чаро ман ҳозир ин корро карда истодаам?”. Вақте ба ягон хабар ё мукотиба бо нафаре ниёз пайдо мекунед ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шавед,. Шабакаҳои иҷтимоӣ бояд барои мақсадҳои муайян истифода шаванд.
Шумораи саҳифаҳои обунашудаатонро назорат кунед
Шояд Шумо замони истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, якчанд дӯстони интернетӣ пайдо кардед ва ба бисёр каналҳо ва манбаъҳои хабарӣ обуна шудаед. Матолиби баъзе аз саҳифа ё гуруҳҳои обунашудаатон то ҳол бароятон ҷолиб аст. Аммо баъзе саҳифаҳо ба ҳолати руҳии шумо таъсир мерасонанд. Аз обунаи каналҳо ва корбарони нолозим дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев