Қисми зиёди онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои шахсии худро доранд. Корбарони интернет дар Тоҷикистон асосан аз Instagram, Facebook, «ВКонтакте» “Однокласники” ва як қисми муайян аз Twitter ё дигар шабакаҳо истифода мекунанд.
Мо дар бораи 7 аломате, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба саломатии рӯҳиатон зарар мерасонанд, маълумот ҷамъоварӣ намудем.
1. Ҳисси аз даст додани хабар ё ягон чизи муҳим
Шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд тарси аз даст додани ягон чизи фоидаовар ё хабари муҳимеро дар шумо зиёд кунанд. Муддати зиёд пайгирӣ намудани шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад нишонаи тарси аз даст додани ягон чизи муҳим бошад. Барои аз ин вобастагӣ раҳоӣ ёфтан усулҳои гуногуни санҷидашударо истифода баред.
2. Пайгирӣ намудани саҳифаҳои нолозим
Коршиносон мегӯянд, пайгирӣ кардани саҳифаи одамоне, ки дар мо ҳисси худбовариро кам мекунанд, одати бад аст.
Мисол, саҳифаи сайёҳоне, ки дар меҳмонхонаҳои боҳашамат иқомат мекунанд ва ба он ҷо рафтани шуморо низ ташвиқ мекунанд, дар вуҷудатон ҳасудиро бедор мекунанд.
3. Худро бо дигарон муқоиса кардан
Вақте ки шумо ҳаёти касеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунед, ҳатман ҳаёти худро бо ӯ муқоиса мекунед. Коршиносон мегӯянд, ин одати хеле бад аст. Муқоиса бо дигарон дар шахс нобоварӣ ва стрессро ба вуҷуд меорад.
4. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанг мекунед
Эҳтимол, қисми зиёди корбарон дар шабкаҳои иҷтимоӣ ба хархашаи лафзӣ рӯ ба рӯ шудаанд.Масалан, баъзе нафарон дар зери шарҳи навиштаи корбар бо суханҳои қабеҳ посух гуфтаанд. Агар Шумо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хархашаи лафзӣ роҳ диҳед, беҳтар аст ки худро аз он канор гиред, то ба саломатии рӯҳиатон таъсири манфӣ нарасонед.
Агар он ба шумо дар баёни эҳсосотатон кӯмак кунад, беҳтараш танҳо паём нависед, аммо онро нафиристед.
5. Аз хабарҳои бад асабонӣ мешавед.
Дар Амрико мафҳуми headline stress disorder маъмул аст, ки онро ҳамчун "стрес аз сарлавҳа" тарҷума кардан мумкин аст. Он нигаронии шадиди одамон пас аз хондани сарлавҳаро ифода мекунад. Барои ба стрес гирифтор нашудан, аз хондани хабарҳо дар муддати 24/7 даст кашед.
6. Шумо саҳифаҳои зиёдеро пайгирӣ мекунед
Агар шумо соатҳо шабакаи иҷтимоиро варақ мезанед, беҳтар аст, ки аз пайгирии саҳифаҳои мазкур даст кашед. Аз пайгирии саҳифаҳои зиёд шумо иттилои бепоёнеро ба даст меоред. Аммо қисми зиёди он барои шумо ва ҳаётатон нолозим мебошанд.
7. Гирифтори бемории лайк шудаед
Пас аз нашри акс ё матлаб якчанд маротиба онро тафтиш карда мебинед, ки кӣ онро баҳо додааст? Агар шумо ба пайгирии шумораи лайкҳо, шарҳҳо ё тақсими постҳоятон машғул бошед, ин одати хеле бад аст.
Беаҳмиятии одамон дар Шумо эҳсоси нобовариро ҳосил мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 26
Чи мешудки хамика вактона сарф накарда яку якбора менависте аз интернет тарсу нобовар мешавед тамом