Чанд рӯз аст миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо наворе паҳн мешавад, ки гӯё президенти кишвар ба панҷгоникҳо қаср туҳфа кардааст. Аз сабаби он ки иттилои расмие дар ин маврид набуд, мо ин хбари шубҳанокро санҷидем ва маълум шуд, ки “ФЕЙК” аст.
Навор бо сарлавҳаи русии шикастаи “Рахмон Подарил Дворец Пятерняшки Малешам Из Таджикистана И Поздравил Семью” дар youtube-канали KHOLMATOV рӯзи 3-юми январ нашр шуда то бегоҳи 4-уми январ қариби 200 ҳазор маротиба тамошо шудааст.
Матни видео аз Радиои “Озодӣ” гирифта шуда, онро зоҳиран роботи Google қироат мекунад. Ба ғайр аз сарлавҳа дар видео сухане дар бораи қасри туҳфашуда аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон намеравад.
Дар ҳамин ҳол дар гузориши Радиои “Озодӣ” ва дар гузориши расонаҳои дигар низ иттилое аз туҳфаи президент нест.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ба ҳукумати Қубодиён спориш дода шудааст, ба модари кӯдакон ва панҷгоникҳо ҳамаҷониба ёрӣ расонида шавад.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҳам ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки рӯзи 1 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз хонаи Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён боздид намуд ва кумаки моодӣ расонида шуду дар ҳавляшон барои дугоникҳо аз ҳисоби ҳукумати Хатлон хона месозанд.
“Зимни боздид раиси вилоят бо аҳли хонадон суҳбат намуда, ба онҳо ваъда доданд, ки дар ин ҳавлии онҳо, ки 16 садяк мебошад, дар як тарафи ҳавлӣ то аз таввалудхона ҷавоб шудани кӯдакон хонаи 4-ҳуҷраӣ бо шароити муносиб сохта медиҳанд. Инчунин ваъда доданд, ки пас аз рухсати шудани кӯдакон аз таваллудхона аз тарафи ҳукуматии Қубодиён барои нигоҳубини кӯдакон ва модар ҳам духтур ва ҳам ҳамшираи шафқат ҷудо карда мешавад ва нигоҳубини онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешавад”,- гуфтааст сухангӯйи раиси вилояти Хатлон.
Модари панҷгоникҳо дар сӯҳбати “Азия-Плюс” барои кумакҳо изҳори миннатдорӣ кардааст, вале гуфтааст, ҷойи пул барои таъмири хона як хона ҷудогона бидиҳанд хубтар аст.
“Зеро вазъи зиндагиям хуб нест ва дар як ҳавлии хурд бо зани ҳеварам якҷоя зиндагӣ мекунем”,- гуфтааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён, дар арафаи Соли нав дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ панҷгоник ба дунё овард. Дар Тоҷикистон таваллуди сегоникҳову чоргоникҳо то ин вақт бисёр сабт шудааст, аммо бори нахуст аст, панҷгоникҳо таваллуд шуданд.
Аз Вазоратӣ тандурустӣ ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки вазъи тифлони навзод муътадил буда таҳти назорат қарор доранд. Модари ин фарзандон ду моҳ таҳти назорати табибон буд ва 20 рӯзи охир дар таваллудхона қарор дошт. Ин ниҳод мегӯяд, ки ӯ 1 моҳи дигар таҳти назорат мемонад. Панҷгоникҳоро Ҳасану Ҳусейн ва Фотимаву зуҳрову Хадича ном мондаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 110