Пас аз 9 моҳ ҷанг, як рӯзномаи ибризабон таъкид кард, ки «Исроил ҷангро соати 6:28 дақиқаи субҳи ҳафтуми октябри соли 2023 яъне ҳамон лаҳазоти аввалияи оғози набарди "Тӯфони Ал-Ақсо" бохт ва шикаст хӯрд.»
Ҷанги Ғазза чанд рӯзе аст, ки вориди моҳи даҳум шудааст ва таҳлилҳо дар бораи ба чигунагии муваффақияти амалиёти таърихии “Тӯфони Ал-Ақсо”, ки оғозгари ин ҷанг шуд ҳамчунон идома дорад. Ҳанӯз саҳюнистҳо ва ҳомиёнашон яъне Ғарб натавонистаанд чигунагии вуқӯи ин амалиёти таърихиро ҳазм кунанд чаро, ки мегӯянд, аз пешрафтатарин ва ба рӯзтарин технологияҳо барои муҳофизат аз марзҳо истифода кардаанд. Ҳоло «Ави Ашкеназӣ» нависанда ва таҳлилгари умури низомии саҳюнистӣ тайи мақолае дар рӯзномаи Маарию он ҳам пас аз гузашти 9 моҳ аз анҷоми амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” навиштааст, ки ин режим ҳамон дақиқаи аввали амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” шикаст хӯрд яъне соати 6:28 субҳи рӯзи ҳафтуми октябри 2023.
Ави Ашкеназӣ, дар Маарию навиштааст, ки идораи ҷанг тавассути режими саҳюнистӣ ба шеваи аҷз ва нотавонии бепоён анҷом мегирад ва ин ҷанг мӯҷиби фурӯпошии иқтисоди «Исроил» ва неруҳои захираи он шудааст ва ҳар рӯз дастёбӣ ба пирӯзиро ғайри мумкинтар мекунад. Ӯ инро ҳам изофа карда, ки режими саҳюнистӣ 9 моҳ аст, ки дар талош барои ҷуброни ин шикаст ва пирӯзӣ дар ҷанг аст, ки албатта ин муддатзамон барои чунин ҷанге бисёр тӯлонӣ аст ва… ин ҷанг бо докторини амнияти режими саҳюнистӣ дар тазод аст. Ба эътиқоди «Ави Ашкеназӣ», интизор мерафт режими саҳюнистӣ, ки бо эҳтимоли ҷанги ногаҳонӣ бо қавитарин артишҳои минтақа мувоҷеҳ буд, дар баробари Ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ омода ва ҳушёр бошад. Ин таҳлилгари саҳюнистӣ сипас ин саволро мепурсад, ки «Чигуна кори мо ба ҷое расидааст, ки муҷоҳидони муқовимати исломии Ҳамос тавонист барои соатҳо артиши бузург ва пешрафтаи Исроил бо дастгоҳи иттилоотии қавӣ, ки дар байни 10 артиши бартари дунё қарор дорадро сардаргум карда ва шикаст диҳад?… https://tajikpress.com/2024/07/17/%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d0%bb-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев