Раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон, субҳи имрӯз дар дидори масъӯлони Қувваи қазоия, «ҳаллу фасли масъалаҳо ва ихтилофоти мардум бар асоси адолат» ва «ҷилавгирӣ аз убӯр аз хати қирмизи қонун»-ро аз масъӯлиятҳои аслии дастгоҳи қазо баршумурданд ва афзуданд: Муҳимтарин вазифаи дастгоҳи қазоӣ иҷрои шуҷоъона ва бидӯни мулоҳизаи адолат аст.
Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари олии Эрон, дар ибтидои ин дидор бо гиромидошти ёди шуҳадои дастгоҳи қазо аз ҷумла шаҳид Биҳиштӣ ва ҳамчунин шаҳид Раисӣ, ки собиқаи барҷастае дар Қувваи қазоия дошта аст, аз заҳамоти раис, масъӯлон, қуззот ва коркунони шарифи ин Қувва самимона ташаккур кард.
Раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон, бо таъкӣд бар ин ки дар Қуръон ва соири манобеи исломӣ бар камтар масаълае монанди «адолат» такя шудааст, шуҷоатро лозимаи иҷрои адолат донистанд ва гуфтанд: Ба фармӯдаи Имоми Саҷҷод (а), қувваи қазоия бояд багӯнае амал кунад, ки душманон худро аз зулм ва ҷавр дар амон бидонанд ва дӯстони наздик аз ҷониб дории ғайри одилона маъюс бошанд, ки агар ингуна шавад, масаълаи бисёр муҳимми «амнияти рӯҳӣ ва равонии мардум» таъмин хоҳад шуд.
Оятуллоҳ Хоминаӣ бо ишора ба лузӯми барнома меҳварии Қувваи қазоия ва асноди хеле хуби таҳаввул дар ин Қувва, афзуданд: Бояд ин аснодро ба шакле иҷро кард, ки асари маҳсусе дар шохисҳои муҳими қазоӣ бигузорад. https://tajikpress.com/.../%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d2.../
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев