Ки акнун паи қатли якдигаранд,
"Чу узве ба дард оварад рӯзгор"
Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор?
Чунин гуфт Саъдиву гӯям ба он:
Куҷоӣ ту Саъдӣ, иваз шуд замон.
Бани Одами имрӯза дев асту шар,
Яке гургу он барра бошад дигар.
Ҳама беғам аз меҳнати дигарон
Ба пеш косае хуну қошуқ дар он.
Ҷидол асту ҷангу бародаркушӣ,
Дигар монда "Саъдӣ ", куҷо сархушӣ?
"Ту к -аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ "
Ту гул гуфтаӣ, Саъдии хушсухан,
Чӣ гӯям, ки ногуфта сӯзад даҳан.
Ту дар аҳди хеш инчунин гуфтаӣ,
Худоят бибахшад, кунун хуфтаӣ.
Ту нестӣ, ки бинӣ, ки дар қарни мо,
Бани Одам ин чо чӣ кардаст, чиҳо?
Чӣ аъзо зи пайкар бурун кардаанд,
Ба дандон ҷаҳон ғарқи хун кардаанд.
Ҳама беғам аз меҳнати дигарон,
Муҳаббат куҷо? Ҷумла захми забон!
Падарро мурувват надорад писар,
Насиҳат надорад ба қалбаш асар.
Каниз аст модар дар ин асрҳо,
Ба хишти ҷафо шуд бино қасрҳо.
Ба номи "Ҳуқуқи Башар " мекушем,
Ба теғу туфангу ҳаҷар мекушем.
Куҷоӣ ту Саъдӣ, бибинӣ чӣ сон
Бани Одам ин ҷо кашидаст синон.
Паи нону ҷону мақоманд ҳама,
Надоранд зи хашми Худо воҳима.
Куҷоӣ ту Саъдӣ, ки аъзои тан
Бибинӣ фитодаст ҳама аз бадан.
Бани Одам ин ҷо бани шаҳват аст,
Дар ин асри мо ҳар чи ҳаст, меҳнат аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев