Ҷаҳон занҷираи пур печу тоб аст,
Қадамҳояш саросар аз азоб аст.
Ба думболи маъишат гар равони,
Ҷавоно фикри хоми ту хароб аст.
Надорад ин ҷаҳон як нуқта шоди,
Ки Азроил бу суят дар шитоб аст.
Гиреҳ бикшо аз ин сарбаста роҳе,
Чаро то ҳол дилат побанди хоб аст.
Ба ҷуз ҳасрат насибат мешавад гар,?
Танат бар мору мурон нону об аст.
Баранд аз лаззати гушти ту сӯде,
Хушо бар он,ки бедори шубоб аст
Матоъи зери пои кас набошед,
Ки охар ҷой мо зери туроб аст.
Ба аҳди хештан қоъим ҳамебош,
Ливои бар сарат кори савоб аст.
Ба зери чатри шайтоне машав гум,
Ки аз суи Худовандат итоб аст.
Дило панди муҳиббон гӯш медор,
Ки бар ҳар як суоли ту ҷавоб аст.
Мани Иқбол насиҳат мекунам чун,
Насиҳат хушиҳоро аз сароб аст.
(Муҳаммадиқболи Раштӣ )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев