🔸 Матни пурсиш:
Оё бо ғусли ҷумъа ва сойири ғуслҳои воҷиб ва мустаҳаб метавон намоз хонд?
Вузу гирифтан баъд аз ғусли ҷанобат ё ғуслҳое ки кифоят аз вузу мекунанд чи ҳукме дорад? Оё лағв аст? Яъне чи?
🔸 Матни посух:
Ҳақ он аст ки ғусл кардан аз ҷанобат барои намоз кифоят мекунад ва пас аз он ниёзе ба вузу гирифтан нест ва ин мубтанӣ бар зоҳири китоби Худованд аст ки фармудааст: ﴾يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقْرَبُوا الصَّلَاةَ وَأَنْتُمْ سُكَارَى حَتَّى تَعْلَمُوا مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّى تَغْتَسِلُوا﴿[п/1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ба намоз наздик нашавед дар ҳоле ки маст ҳастед то он гоҳ ки бидонед чи мегӯйед ва на дар ҳоле ки ҷунуб ҳастед магар барои гузаштан аз роҳе то он гоҳ ки ғусл кунед», бо таваҷҷуҳ ба инки ғусл карданро ғояти ҳурмати наздик шудан ба намоз дар ҳоли ҷанобат дониста ва мафҳуми он ҷавози наздик шудан ба намоз пас аз ғусл кардан аз ҷанобат аст ва бо ин васф, вузу гирифтан барои намоз пас аз ғусл кардан аз ҷанобат, воҷиб нест, балки таҳсили ҳосил шумурда мешавад. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2412/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев