Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки сию ду сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсоз рух додааст. Ин ҳодисаи фараҳбахш 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваста, расман ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мегардад.
Мавриди зикр аст, ки ин неъмати бузург баробари ба даст овардани нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию адолатро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба суйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаю баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки сию ду сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давалатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Мо ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрўза ба иттиҳоду ҳамрайъӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандўстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.
Чун давлати мо давлати демократӣ мебошад, мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Таърих собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ бидуни соҳибистиқлолии комил арзишҳои бунёдӣ надорад. Ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳои халқу мамлакати тоҷикон аз муттаҳидӣ ва меҳандӯстии шаҳрвандон дарак медиҳад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки миллати сулҳпарвари мо пас аз хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳанги баланд, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат буданд, ҳастанд ва мемонанд.
Дидавар Беков,
ходими илмии АМИТ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев