Зиндаги чист? Дар пойи гулистон зистан,
Бо париён ба коми хеш мастон зистан.
Даъвии хусну ба руйи хеш афканда никоб,
Оби Хайвон хурдану чун Хизр пинхон зистан.
Нест кори хар касе, ин шева мухсуси ман аст,
Хуни дил нушидану хамвора хандон зистан.
Дар гулистон доштан сухбат ба ночинсон, аз ин
Назди доно бехтар аст танхо ба зиндон зистан.
Навбахори умр бигхаштухазон шуд ин чаман,
Хамчу гул то чанд бо чеки гиребон зистан.
Баски оби дидаи ман рехт дар зиндони хачр,
Боядам чун Нух андар мавчи туфон зистан.
Махфиё, расм аст арбоби харидори кадим,
Бо дили пурдог чун зулфи парешон зистан.
***
Эй зиё Хуршеди тобонро зи Моҳи руйи ту,
В-эй Маҳи иди асирон гушаи абруйи ту.
Дидаи маъниву сурат кард равшан ҳамчу шамъ,
Тутиёи дидаи кас гарди хоки куйи ту.
Дашту саҳрои қиёмат кард мисли навбаҳор,
Рехт азбас хуни мардум наргиси ҷодуийи ту.
Субҳи айши ошиқон чун мотами шаб шуд сиёҳ.
То ниҳода зулфи мушкин руи худ бар руйи ту.
Аш ғами ишқи ту як дил дар чаҳон озод нест,
Як ҷаҳон дил гашта монанди сари ҳар муйи ту.
Бо шаҳидони ғамат кори Масеҳо мекунад,
Мевазад ҳар гаҳ насими субҳидам дар куйи ту.
***
Зад шуъла оташе ба дил, эй дида об ку?
Эй дида, сели ашки туро изтироб ку?
Гар нест аҳди кайфи ҷавони чу кимиё,
Он нашъаҳои мастии аҳди шабоб ку?
Халқе зи зулми беҳади гардун хароб шуд,
Инсоф дар саволу забони ҷавоб ку?
Гуфтам шабе ба хоб бубинам рухи мурод,
Эй чашми русиёҳ, туро бахти хоб ку?
Ҳар дам аломату нишони қиёмат аст,
Меҳреву субҳи содиқи у Офтоб ку?
Шуд нусхаи ҳисоби муфаттеҳ ба беҳисоб,
Махфи, кучост аҳли тамизу ҳисоб ку?
***
Фасли баҳор мерасад, бодаи хушгувор ку?
Бар сари раҳ нишаста гул, замзамаи ҳазор ку?
Гул ба чаман кушод даст, чодари чарх нилгун,
Соғари айш кард пур, ғунча зи май хумор ку?
Гашта ҳавои бустон тавбашикан зи шабнаме,
Созу навои булбулу соқии гулъизор ку?
Гул ба чаман кушода ру ваъдаи васл медиҳад,
Саҳл бувад нишастанам дидаи интизор ку?
Булҳавасони ошиқе баста ҳино басе ба даст,
Дасти ҳино нигор нест, дасти ба хун нигор ку?
Гушанишини дил кунам дидаи дил замонаро,
Баҳри намудани рухат қувл кучо, қарор ку?
Ваъда ба ишратам диҳи фасли баҳори зиндаги,
Гардиши даври дунпараст, ин ҳама эътибор ку?
Эй, ки навишта медиҳи фатви ба ихтиёри ман,
Дасти ман асту доманат, риштаи ихтиёр ку?
Киштии мавҷи офият бар сари мавҷи фитна аст,
Боди мурод дар куҷо, равшании канор ку?
Махфи, агар чашидаи чошнии шаҳодате,
Равшании чароги ту лавҳи сари мазор ку?
***
Доим аз гиря бувад дида ба об олуда,
Тарки масти набувад лаб ба шароб олуда.
Шишаи ман зи майи хуни чигар лабрез аст,
Ман аз он менакунам лаб ба шароб олуда.
Мерасад буйи дил аз нолаи зорам ба димог,
Буйи хуноб дихад сихи кабоб олуда.
Саргарони наравад аз сари у то дами сур,
Дидаи бахт чу гардида ба хоб олуда.
Махфи, хар лахза ман аз бахт саволе дорам.
То ба як бор кунад лаб ба чавоб олуда.
***
Бе гули руят нахохам зинда чони хештан,
Гайри гул булбул нахохад ошёни хештан.
Нест боди субхро дар гулшани хусни туро,
Кардаи то зулфи мушкин посбони хештан.
Гар барояд чон зи тан, хасрат намеояд бурун,
Додаам чун магз чо дар устухони хештан.
Бурдаам гуйи ичобатро ба уммеди дуо,
Сохтам то ними ту вирди забони хештан,
Ашк чун резад зи чашман дар канори орзу.
Гар бурун орам зи дил рози нихони хештан,
Хамчу Махфи хеч кас дар ошики нарде набохт,
Бохт андар нарди аввал хонумони хештан.
***
Шаб ба ёди ту гули ашк ба домон кардам,
Хамчу мургони чаман нолаву афгон кардам.
Чайби дил чок задам баски зи савдои чунун,
Дасти кудрат хамаги сарфи гиребон кардам.
Бигирифтам дилии уммед зи бегонаву хеш,
Мушкилоти дили худро хама осон кардам.
Хуни дил баски ба рухсори нигах афшондам,
Сайргохи назар аз диди гулистон кардам.
Ковиши доги кухан баски ба нохун кардам,
Панчаи даст чу сарпанчаи марчон кардам.
Чазбаи ишк расонди ба сарам махмали дуст,
Ман зи бесабрии худ ру ба биёбон кардам,
Чон гаронмоя матоест, валекин Махфи,
Нархи ин чинс ба бозор худ арзон кардам.
***
Боз мехохам зи нав мотамсарое хуш кунам,
Бахри таскини чунунам хоки пое хуш кунам.
Нохуни ошуфтаги бар риштаи чон мезанам,
К-аз барои мурги дил созу навое хуш кунам.
Бо язиди нафс мехохам сафорои кунам,
Бахри оини шаходат Карбалое хуш кунам.
Гар матои корвони Мисри мо шояд сабо,
Пеши ман бахри фигон бонги дирое хуш кунам.
Бар тани ман му ба му аз сузи дил абгор шуд,
Баъд аз ин бояд маро дорушшифое хуш кунам.
Гох дар базму гахе дар водию гах дар харам,
Хамчу мачнун аз чунун хар руз чоее хуш кунам.
Дар рахи бегонаги оинаи дил шуд сиёх,
Меравам, Махфи, ки тарзи ошное хуш кунам.
***
Мо дил ба гамат пеши таманно наниходем,
Мо сар ба хавас дар сари савдо наниходем.
Мачнуни чунунем вале бо адаби ишк,
Густох кадам дар рахи сахро наниходем.
Мо ташналабонем дар ин бодия, аммо
Бе чашми таре руй ба дарё наниходем.
Мо чуръакашони маи ишкем, ки махмур,
Мурдему лабе бар лаби мино наниходем.
Харчо ки ниходем кадам, хори ситам буд,
Бе обилапои ба замин по наниходем.
Махфи, ба фигон куш дар он мрхала имруз,
Зоде зи барои рахи фардо наниходем.
Зебуниссо (Зебунисcо бегим) (порсӣ: زیبالنّساء ) - яке аз хушнависони Ҳинд ва аз шоирони сабки ҳиндӣ дар адабиёти порсӣ ва тасаввуф аст, ки шеър мегуфт ва тахаллусаш "Махфӣ" (порсӣ: مخفی ) буд.
Зебуниссо духтари подшоҳи темурии Ҳинд (Ҳиндустон) Аврангзеби Оламгир ва набераи Шоҳиҷаҳон буд. Модараш Дилрасбону духтари Мирзо Бадеуаззамон Шоҳнавозхон яке аз бозмондагони Шоҳ Исмоили Сафавӣ буд[1].
Зебуниссо зани адиб ва донишдӯст, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Адабиёти порсӣ ва арабиро бисёр дӯст медошт ва Қуръонро аз бар намуд. Хаттҳои настаълиқ, насх ва шикастаи настаълиқро нек менавишта ва китоби бисёре ба номи ӯ таълиф кардаанд. Вай дар бадеҳа чирадаст буда ва ба сабки ҳиндӣ шеър мегуфт ва тахаллусаш "Махфӣ" буд. Ин байт аз ӯст:
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуниссост.
Махфӣ
Аврангзеб, ки подшоҳе бадҷаҳлу худкома буд, намехост духтараш шеър гӯяд ва намегузошт, ки бо воситаи шеър номи духтараш вирди забони ашхоси номаҳрам гардад. Зебуниссо ба ин ҷиҳати масъала ишора намуда гуфтааст:
Эй булбули хушилҳом, махрӯшу дам фурӯ каш,
Табъи «латиф»-и султон тоби сухан надорад.
Махфӣ
Мегӯянд, ки аз шоирони дарбор Носиралӣ Зебуниссоро дӯст медоштааст. Боре, Зебуниссо як мисраъ шеъре навишта будааст, ки ин аст:
Аз ҳам намешавад зи ҷаҳолат ҷудо лабам,…
Махфӣ
Носиралӣ мисраи дуюмашро, бадоҳатан, ба Зебуниссо фиристодааст.
Гӯё расида бар лаби Зебуннисо лабам!...
Носиралӣ
Аз ин густохии Носиралӣ, Зебуниссо малоли хотир шуда, дар чавобаш байти зеринро ирсол доштааст.
Носиралӣ, ба номи Алӣ бурдаӣ паноҳ,
Варна, ба Зулфиқори Алӣ бурдаме сарат!
Махфӣ
Зебуниссо то поёни зинадгонияш шавҳар накарда, зеро маъшуқи дилхоҳашро пайдо накардааст.
Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,
Бутпарастӣ кай кунад гар бархаман бинад маро?!
Махфӣ
Зебуниссо 3 марти соли 1702 дар сини 63-солагӣ дар Деҳлӣ даргузаштааст. Бинобар васияташ пайкарашро ба Лоҳур мебаранд ва дар боғе, ки бо хоҳиши худи ӯ бунёд гардида буд, ба хок месупоранд. Дар санги мазори ӯ ин байт сабт аст:
Бар мазори ман, ғарибон не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.
Махфӣ
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комментарии 9
Бошадат як чав умеди лутф агар аз суи дуст
Пайгоми ошно нафаси рухпарвар аст. Махфи