Ҳамлагари “Реал Мадрид” - Карим Бензема бо "Валладолид" бозӣ намекунад ва метавонад дар Лигаи қаҳрамонҳо низ бар муқобили "Аталанта" ба майдон набарояд. Карим Бензема дар тамрини охирини дастааш ҳузур надошт ва бозии даври 24-уми Ла Лига бар зидди "Валладолид" ба майдон намебарояд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамлагари фаронсавӣ чӣ мушкилӣ дорад, аммо ба навиштаи Marca, иштироки ҳамлагар дар бозии даври 1/8 финалии Лигаи Чемпионҳо бо “Аталанта” (24 феврал) зери суол мемонад. «Ӯ бозӣ намекунад. Вай каме нороҳатиро эҳсос мекунад", - гуфт сармураббии “Реал Мадрид” Зинедин Зидан пеш аз бозӣ бо “Валладолид”. Ёдовар мешавем, ки дар баробари Бензема феълан ҳашт бозигари дигар бо сабаби ҷароҳатҳои гуногун ба даста кӯмак карда наметавонанд: Серхио Рамос, Эден Азар, Марсело, Карвахал, Федерико Валверде, Алваро Одриосола, Эдер Милитао ва Родриго.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев