Барои Криштиану Роналду аз ҳама мавсими душвортарин дар ҳаёташ гузашта истодааст. Дастаи ӯ «Реал» аз рақиби ҳамешагии худ – «Барселона» бо 19 хол фосила дорад, ки ин ҳатто аз давраҳои Рафаел Бенитес ҳам бадтар аст. Худи Роналду дар ин мавсим ҳамагӣ 4 голро ба ҳадаф расонидааст. Ин ҳолат аз соли 2005 боз инҷониб рух надода буд. Дар 3 бозии охир футболбози португалӣ ягон голро ба ҳадаф нарасонидааст.
Хоҳари Криштиану Роналду дар саҳифаи Инстаграми худ мактуберо ба хотири дастгирии бародараш нашр карда, дар дастрасии омма қарор дод. Хоҳари ӯ Катя Авейро ном дошта, сароянда мебошад. Ӯ дар мактуби худ чунин навиштааст:
«Вақте, ки ту дар 12-солагӣ аз хона баромада, ба Лиссабон (пойтахти Португалия) рафтӣ, ҳангоми рафтан чашмонат пур аз ашк шуда буд ва чӣ орзуҳову умеде доштӣ. Ҳама мегуфтанд, ки боз як писарбачае мисли дигарҳо аз Мадейра аст. Камтар аз 5 сол дар ҳайати дастаи «Спортинг» бозӣ кардӣ. Вақте аввалин маротиба дар ҳайати калонсолон рақобат намуди дигарон гуфтанд, ки бозият як техникаи навбатии фаннӣ аст. Баъди чанд моҳ бо дастаи овозадори «Манчестер Юнайтед» қарордод ба имзо расонидӣ.
Вақте, ки ба Англия рафтӣ, ҳама мегуфтанд, ки ту танҳо як бозингари бомаҳорате ҳастӣ, ки мисли дигар футболбозон мавқеи худро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳӣ. Дар 6 мавсим дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» 118 голро ба ҳадаф расондӣ.
Ҳангоме, ки ба дастаи шоҳонаи «Реал» гузаштӣ, дигарон мегуфтанд, ки туро танҳо ба хотири ҳамном буданат ба футболбози бразилӣ харидаанд, то ки либосҳоятро фурӯшанд. Аммо ту аз соли 2009 дар 418 бозӣ 422 голро ба ҳадаф расондӣ ва рекордҳои гузаштаро шикастӣ.
Вақте, соли 2008 аввалин ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро гирифтӣ, дигарон гуфтанд, ки ба ҳамин тамом. Аммо ту боз 4 –тои дигарро соҳиб шудӣ.
Вақте, ки капитани тими мунтахаби кишвар интихоб шудӣ, гуфтанд, ки капитани навбатии дастаи миллӣ ҳастӣ, ки маҳорати пешбарии тим ва қобилияти пешвоӣ надорӣ. Дар соли 2016 бошад, аввалин португалие будӣ, ки Ҷоми Аврупоро ба Португалия овардӣ.
Акнун вақте, ки ту мисли сокини дигар сайёра (инопланетянин) дар ду ё се бозӣ гол назадӣ, боз ҳам дигарон мегӯянд, ки ту танҳо бозингаре ҳастӣ, ки бо мурури сол карераи муваффақиятат ба анҷом расида истодааст, аз бозӣ дигар даст каш.Андӯҳгин мабош!
Ҳангоме, ки ту ҷоизаи навбатиро ба даст мегирӣ, онро чун бурҷи Эйфел баланд хоҳӣ бардошт! Боз голи навбатиро ба самар мерасонӣ ва рекордҳои навинро соҳиб мешавӣ! Дигарон дар он вақт бодиққат ба ту менигаранд ва ҳатман қарсак хоҳанд зад.
Бечора инсонҳо. Охир танҳо ҳамин чиз насибашон гаштааст. Ҳасад ва бузургманишӣ.»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 13