Туро сарсону саргардон кунад зан,
Туро хушбахти ин даврон кунад зан.
Агар хоҳад туро дар як дақиқа,
Бар ин хоки сияҳ яксон кунад зан.
Туро зан мебарад то авҷи гардун,
Дилатро мекашад аз сина берун.
Туро зан мекунад осудахотир,
Агар дар зиндаги боши ҷигархун.
Туро зан мебарад бар суи соҳил,
Зи ту бо меҳрубони мебарад дил.
Агар ғофил шави як дам зи макраш,
Бароят медихад заҳриҳалоъил.
Туро машҳури дунё мекунад зан,
Туро дар қуттие ҷо мекунад зан.
Агар чи сарфарози байни мардуми,
Туро хоки таги пой мекунад зан.
Туро хубу туро бад мекунад зан,
Туро сифру туро сад мекунад зан.
Туро хоҳад агар Шайтон кунад у,
Туро ҳамчун Муҳаммад мекунад зан.
Туро хотирпарешон мекунад зан,
Туро сад мушкил осон мекунад зан.
Туро як пири донову хирадманд,
Ва ҳам тифли дабистон мекунад зан.
Туро зан сарбаланду шод созад,
Туро маъмуру ҳам обод созад.
Вале гоҳо ҳамин зан, эй бародар,
Ҳама уммеди мо барбод созад.
Чу зан моро набошад, мо ғарибем,
Зи шаҳди зиндагони бенасибем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев