Яке аз рузҳо, подшоҳ 3-то аз вазирҳояшро назди худ хонду бар онҳо супириш дод.
Супориш ин буд, ки ҳар яке аз вазирҳо, як халта гирифта ба бустони қаср рафта, аз беҳтарин ва тозатарин навяҳои меваҳо барояш биёранд ва ин корро бар ягон кас вобаста накунанд.
Вазирҳо ҳайратзада халтаҳоро гирифта ба суйи бустон равон шуданд.
Вазири авал саъй кард, барои ризои подшоҳ аз беҳтарин анвоъи меваҳо ҷамъоварӣ кунад. Вазири дувум бо худ гуфт: Фикр накунам подшоҳ ба ин меваҳо эҳтиёҷ дошта бошад ва шуруъ кард ба ҷамъоварӣ ва ҳарчӣ дар назараш омад ҷамъ кард бидуни аҳамият аз хуб ва нохубаш, ин ҳам халтаашро пур кард монанди вазири авал.Вазири савум муътақид буд, ки подшоҳ ба ин меваҳо эҳтиёҷ надорад, муҳим халтаро пур бинад ва халтаро пур аз баргҳо ва алафу чуб кард.
фардо подшоҳ вазирҳояшро хонду бар зарбозҳо амр кард, ин ҳар зе вазирро бо ҳамроҳи халтаҳояшон ба зиндони дур бурда, алоҳида то се моҳ маҳкам кунанд ва бар онҳо на хурок ва на об бидиҳанд.
Вазири авал бо он меваҳои тару тозае, ки дошт ин се моҳро бе машақат сипари кард. Вазири дувум як бало карда бо азобу камбуд ин се моҳро сипари карду зинда монд.
аммо вазири савум ҳалок шуд.
Бародарам аз нафси худ бипурс мехоҳӣ аз кадоми ин вазирҳо бошӣ, авал ё дувум ё савум?. Ту дар ҳоли ҳозир дар бустони ин дунё ҳастӣ ва бароят ихтиёри комил дода шуда аст, ки аз кадом амалҳо халтаатро пур кунӣ, аз амаҳоли солеҳ ва ё амалҳои нопок. Фардо ки Аллоҳ туро дар қабрат маҳкам кунад дар он қабре, ки тангу торик аст чӣ чиз туро кумак мекунад? албата амали солеҳ!Расули Худо фармуданд: ки амалҳои солеҳи инсон дар қабр монанди марди нурони пайдо мешавад, пас бояд ману шумо кушиш кунем, якдигарро тавсия бар амалҳои нек кунем. Худовандо моро тавфиқ бидеҳ то дар амалҳои хайр собитқадам бошем
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев