Дарси авал:
Таҷвид яъне чи?
Таҷвид дар луғат яъне "неку гардонидан" аст.
Аммо дар истилоҳи қироати Қуръон Таҷвид яъне талаффуз, гуфтан ва баровардани ҳарфҳо аз махраҷи онҳо (аз ҷое ки он ҳарфҳо мебароянд), ҳамроҳ бо риоят кардани сифатҳо ва аҳкому қоидаҳои он ҳарфҳо, ки бо дигар ҳарфҳо якҷоя шуда калимаҳои Қуръонро ташкил медиҳанд.
Фоидаи Таҷвид:
Бо риоят кардани қоидаҳои Таҷвид дар қироати Қуръон, суханони Худованд ҳамонтавре ки дар авали Ислом хонда ва шунида мешуд хонда мешавад, ки маънои оятҳо дигар намешаванд ва суханони Худо ҳам зеботар ва некутар қироат мегардад.
Хулоса: Таҷвид барои зебо, неку, хуб ва дуруст хондани Қуръони Карим мебошад.
......
https://chat.whatsapp.com/D8qnSi4vlFi47EsRKqUhmk
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3