зангӣ зиёрат.
Намегардад сафед ӯ баъди тоат.
* * *
Агар баҳри харе созӣ зин аз зар.
Ҳамон хар боз мемонад ҳамон хар.
* * *
Касе ки доимо ҳарфаш дурӯғ аст.
Чароғи синаи бефурӯғ аст.
* * *
Агар поши ба саҳро донаи ҷав.
Аз он дона бируяд сабзаи ҷав.
* * *
Касе ки дар дилаш ишқу вафо нест.
Ба чашму оразаш нуру сафо нест.
* * *
Ҷафо сози агар бар мустаманде.
Ҷафо бинӣ ту ҳам аз зӯрманде.
* * *
Зи кору фикри бад доим ҷудо бош!
Ба ҳар асно ту доим бо худо бош!
* * *
Сири касро ба гӯши кас магӯ ту.
Гуноҳи худ ба пеши кас машӯ ту.
* * *
Гули саҳро надорад бӯи сунбул.
На ҳар мурғе бихонад ҳамчу булбул.
* * *
На ҳар кас мӯнису ҳамроз бошад.
На ҳар нозукбадан ғаммоз бошад.
* * *
Сухан аз эзиди якто ато аст.
Зи пушти кас сухан гуфтан хато аст,
* * *
Сухан сармояи инсони комил.
Ки аз ақли расо гардад ҳосил.
* * *
Сухан беҳуда гуфтан нораво аст.
Дутори тор канда бенаво аст.
* * *
На ҳар дил хонаи андӯҳу дард аст.
На ҳар як мардсимо ҳамчу мард аст.
* * *
На ҳар хушгӯиҳо оғози ишқ аст.
На ҳар як ҳарфи зебо рози ишқ аст.
* * *
Ба ҳар кас бовари кардан набояд!!!
Ба ҳар кас рози дил гуфтан нашояд!!!
ИТИМОС БА ХАМИН ГУРУХИКИССАХОИ
ЧОЛИБ БО МЕХРИ ДУСТИРУБОЁТХОИ
БЕХТАРИН ДОХИЛ ШАВЕДХАРРУЗ
ТЕМАХОИ НАВ БА НАВ
ДОРАД.АДМИНИСТРАТОР БАХШИШ
БАРОИРЕКЛАМАИНА ССЫЛКААШ. http://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupJoin&st.groupId=52205116391515&st.page=1&st.frwd=on&_prevCmd=altGroupMain&tkn=2433
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1