Номаи ъисён сиёҳ бор Худоё бубахш .
Бандаи камтоъатам карда гунаҳ ъодатам ,
Дур бикун ғафлатам бор Худоё бубахш .
Чуну чаро кардаам руву риё кардаам ,
Баски хато кардаам бор Худоё бубахш .
Ҳаст гуноҳон Маро беҳаду ҷурму хато ,
Аз шарафи Мустафо бор Худоё бубахш .
Гиря кунам зор-зор аз алами рузгор ,
Дида шуд абри баҳор бор Худоё бубахш .
Аз сари лутфу қарор ҷурми Маро даргузор ,
Ҳоҷати Моро барор бор Худоё бубахш .
Эй Аҳади Зулҷалол в-Эй Самади безавол ,
Подшоҳи ҳар ду ҳол бор Худоё бубахш .
Вой аз он гури танг дар кафани бад зи ранг ,
Зери сарам хишту санг бор Худоё бубахш .
Эй ба Карам ъавф намо ҷумла гуноҳони Мо ,
Ҷурму ҳам ъисёни Мо бор Худоё бубахш . Осияму русиёҳ гашта чу ҳолам табоҳ ,
Чун шудаам ру ба роҳ бор Худоё бубахш .
Вой дареғо ки рафт фасли Ҷавони зи даст ,
Умр ба ғaфлат гузашт бор Худоё бубахш .
Вой аз он Рузи Ҳашр нома диҳандат зи пас ,
Бар Караму Лутфи Хеш бор Худоё бубахш .
Ҷомии мискину зор гиря кунад зор-зор ,
Дар сари он гирудор бор Худоё бубахш .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3