Додо додо салом мегуямтун,
Якбора ду се калом мегуямтун.
Хамрози дилам факат шумоед додо
Зин руй ба эхтиром мегуямтун
Пинҳони зи диди момодоя
Дируз ману насибаи хамсоя
Аз бас ки кариб кафидаем аз зикки
Гуфтем ба хам бози кунем якчоя
У омаду ман баромадам аз хона
Оғуши рафикона кашидем бо хам
Мо аз бари рухсораи хам бусидем
Аз синаи мо бирафт додочон гам
Мо бозии панчабози* кардем додо
Ҳам бозии харчатози кардем додо
Танхои дигар бирафт аз хотири мо
Мо шодиву сарфарози кардем додо
Гайр аз ману у касе набуд додочон
Ҳамроҳ ба мо касе нашуд додоҷон
Дар руйи Насиба маскаи сурхак буд
Дар руяки ман маски кабуд додоҷон
Ин лаҳза паём кардам аз дилреши
Гуё ки дигар тамом мешад хеши
Дар пеши Насиба бо садои тунде
Очам мегуд каронавирус мешӣ
Очам мегуд Шумо гуломи русед,
Додо, додо, каронавирус ҷизай?
Дар кишвари Русия карантин ҳастед
Маънои ғуломи хонаи рус чизай?
Аз бахри Худо тезтар биёед додо,
Афсона барои ман сароед додо
Танҳо шуда пазмони шумо гардидам
Парво накунам чи мебиёред додо
Меҳровари Масчоҳӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1