Шумо доред рух,и бас мусаффо, эй Падар-Модар,
Ки шояд зуд фах,мед х,олати мо, эй Падар-Модар!
Ба неки ёд кардем мо Шуморо бо к,арибонам,
Ба хобам омадед, эй чуфти зебо, эй Падар-Модар!
Ъач,аб хобе, ба к,абристон гузар кардам дуъогуйи,
Бурун аз к,абр бинмудед худро, эй Падар-Модар!
Либоси бас сафеду пок дар бар, ханда дар лабх,о,
Хушу хурсанд бо х,оли гуворо, эй Падар-Модар!
Бипурсидам, "Чи хидмат аз мани ъочиз х,амехох,ед?"
Шунидам як чавоби хеле авло, эй Падар-Модар!
Бифармудед; "К,ироат кун зи К,уръон он "Таборак"-ро!"
Нишаста шод, онро хондам онч,о, эй Падар-Модар!
Хушу хушх,олу хушхотир, дили орому осуда,
Бидидам бори аввал ман Шуморо, эй Падар-Модар!
Сипас "бархезу рав, фарзанд!" гуфтедам, шудам бедор,
Ки будам fарк,и хурсанди саропо, эй Падар-Модар!
Ба ин неъмат,ки фарзанди Шумо х,астам, тамоми ъумр,
Ба ЗОТИ Х,АК, х,амехонам санох,о, эй Падар-Модар!
Ба фак,ру тангдастиву маризи зиндаги кардед,
Вале доим парастидед ХУДОро, эй Падар-Модар!
Шумо ганчеву мулку мол меросам набахшидед,
Вале додедам ин бахти ду дунё, эй Падар-Модар!
Касе,ки мислатон дорад Падар-Модар, накубахт аст,
Ки беfам х,асту хохад буд фардо, эй Падар-Модар!
ХУДОВАНД бо к,арибонаш кунад махшуратон! Омин,
Ба дидораш расонад чашматонро, эй Падар-Модар!
Зи Шамъун чуз дуъову хатми К,уръон х,адяе набвад,
Ба ин ду ёд орам рух,атонро, эй Падар-Модар!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев