Тамом гашту музайян шуд ин хуҷаста макон,
Ба фазлу миннати Парвардигори оламиён.
Ду чиз ҳосили умр аст: номи неку савоб,
В-аз ин ду гар гузарӣ, куллу ман алайҳа фон¹.
Зи хусравони муқаддам чунин, ки мешунавам,
Вафои аҳд накардаст бо кас ин даврон.
Сарои охират обод кун ба ҳусни амал,
Ки эътимоди бақоро нашояд ин бунён².
Пас эътимод макун бар давоми давлати умр,
Ки давлате дигарат дар пай аст ҷовидон.
Замини дунё бустони заръи охират аст,
Чу даст медиҳадат тухми давлате бифишон.
Бидеҳ, ки бо ту бимонад ҷазои кардаи нек,
В-агар чунин накунӣ, аз ту бозмонад, ҳон³,
Бипош тухми ибодат, ҳабиби ман, з-он пеш,
Ки дар замини вуҷудат намонад оби равон.
Ҳаёти зинда ғанимат шумор, ки боқии умр,
Чу барфи бар сари куҳ аст руй дар нуқсон.
Зи молу мансаби дунё ҷуз ин намемонад,
Миёни аҳли мурувват, ки «ёд бод фалон!»
Калиди ганҷи саодат насиҳати Саъдист,
Агар қабул кунӣ, гуй бурдӣ аз майдон.
Ба навбатанд мулук андар ин сипанҷ-сарой⁴,
Худои азза ва ҷалрост мулки бепоён.
📋 Луғот:
¹Ҳама дар руи Замин фаношаванда аст (сураи Раҳмон:26)
²бунён - хона, иморат
³ҳон - нидои пушймонӣ
⁴сипанҷ сарой - дунёи гузарон
🏵️ 🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🍃🌹🌻 🌼 🍁🌸🌱🌺 Ok.ru/Buzurgoni.forsutojik
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Мусалм нест тутиро дар аёмат шакархои
(Шайх Саъдӣ)