Предыдущая публикация
Ҳуш дор, ки марг тири сузон дорад,
Кун тавба зи ҷурмҳо, ки зиндон дорад.
Дунё чу арус агарчӣ хандад имруз,
Фардо ба ситам ҳалоки дандон дорад.
Рав суи хамушон бипурс аз хок,
Аз тири аҷал ҳазор пайкон дорад.
Рузе гиреҳи дилат агар бикшояд,
Шарбатнушон ҳаққи азизон дорад.
Гар гавҳари маърифат зи ман мепурсӣ,
Ин сирри наҳуфта синачокон дорад.
Гар ҷуръаи тавҳид дилат мехоҳад,
Ин нашъа мудом базми мастон дорад.
Аз ошиқи Ҳақ агар нишон меҷуӣ,
Аз ҳасрати дилу чашми гирён дорад.
Гар суҳбати аҳли дил ба ҷон дарёбӣ,
Аз нури дилаш фуруғи ҷушон дорад.
Хун гиря кун, Ҷунун, зи ваҳми дами марг,
Душвор туро зи лутф осон дорад.
📜 Маъдан-ул-ҳол
🌸 💮 🌿 🏵️ 🌷 🍃 🥀 🌺 🌱 🌻 🌼 🍂 🌹 Ok.ru/Buzurgoni.forsutojik
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2