Предыдущая публикация
Дар гуфтани зикри Ҳақ, забон аз ҳама беҳ.
Тоъат, ки ба шаб кунӣ, ниҳон аз ҳама беҳ.
Хоҳӣ, ки пули сирот осон гузарӣ,
Нон деҳ ба чаҳониён, ки нон аз ҳама беҳ.
در گفتن ذکر حق زبان از همه به
طاعت که به شب کنی نهان از همه به
خواهی ز پل صراط آسان گذری
نان ده به جهانیان که نان از همه به
🌸 🌿 💮 🍂 🍃 🌹🌻 🌼 🍁🌷🥀 🌺 🏵️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
1. Дар илми алгебраи ҷаҳонӣ 14 навъи муодилаи дараҷаи сеюмро Хайём муайян кардааст.
2. Аввалин кашфкунандаи микробҳо Ибни Синост.
3. Кашф ва тақсимбандии се навъи ҳаракат — арзӣ, касрӣ ва табиӣ (дар илми физика) кори Ибни Синост.
4. Пурнуфузтарин табиби илмӣ дар тамоми олами асримиёнагӣ Ибни Синои тоҷик буд.
5. Аввалин ҷарроҳии саратонро Ибни Сино гузаронидааст.
6. Бемориҳои менингит ва диабети қандро авалин бор дар ҷаҳон Ибни Сино муайян намуд.
7. Асосгузори илми алгебра Муҳаммад ал-Хоразмист.
8. 70 навъи доруи табобатии ихтироъкардаи Ибни Сино дар ҷаҳони имрӯз ҳам маълум аст.
9. Рақами сифр ихтирои Муҳаммад ал-Хоразмист.
10. Аввалин маротиба дар ҷаҳон Абурайҳони Берунӣ қоидаи ҳисоб кардани масоҳати заминро ошкор сохт, ки дар Аврупо бо номи «қоидаи Берунӣ» маъруф аст.
11. Курашакл будани замин, дар атрофи меҳвари худ ва дар гирди офтоб давр задани онро чандин қарн қабл аз ғарбиён Абурайҳони Берунӣ кашф карда буд.
12. Абӯбакри Розӣ яке аз асосгузорони физ...ЕщёОЛИМОНИ ТОҶИК АСОСГУЗОР БУДАНД

12. Абӯбакри Розӣ яке аз асосгузорони физикаи таҷрибавӣ дар олам аст.
13. Марги муш (арсеник) ихтирои Абӯбакри Розист.
14. Аввалин маротиба дар ҷаҳон доғҳои рӯйи офтобро ал-Фарғонӣ маълум кардааст.
15. Аввалин истеҳсолкунандаи кислотаҳои ғайриорганикӣ дар ҷаҳон Ҷобир ибни Хайён аст.
16. Аввалин бор дар ҷаҳон кислотаи сулфатро ҳамчун катализатор Ҷобир ибни Хайён истифода бурдааст.
17. Авалин маротиба дар ҷаҳон дар дохили атом мавҷуд будани энергияро Ҷобир ибни Хайён пешгӯӣ карда буд.
18. Асосгузори авалин империяи бузург дар олам Куруши ориёист.
19. Аввалин интишордиҳандаи эъломияи ҳуқуқи башар Куруши Кабир буд.
Таҳияи Х. Умарзода