Хуш аст умр, дареғо, ки ҷовидонӣ нест,
Пас эътимод бар ин панҷ рузи фонӣ нест.
Дарахти қадди санавбархироми инсонро
Мудом равнақи навбоваи ҷавонӣ нест.
Гулест хурраму хандону тозаву хушбуй,
Валек умеди саботаш чунон, ки донӣ нест.
Давоми парвариш андар канори модари даҳр
Тамаъ макун, ки дар у буи меҳрубонӣ нест.
Мабош ғарраву ғофил чу меш сар дар пеш,
Ки дар табиати ин гург галлабонӣ нест.
Чӣ ҳоҷат аст аёнро ба истимои баён,
Ки бевафоии даври фалак ниҳонӣ нест.
Кадом боди баҳорӣ вазид дар офоқ,
Ки боз дар ақибаш накбати хазонӣ нест.
Агар мамолики руи замин ба даст орӣ,
Баҳои муҳлати як руз зиндагонӣ нест.
Дил, эй рафиқ, дар ин корвонсарой мабанд,
Ки хона сохтан оини корвонӣ нест.
Агар ҷаҳон ҳама ком асту душман андар пай,
Ба дустӣ, ки ҷаҳон ҷои комронӣ нест.
Чу бутпараст ба сурат чунон шудӣ машғул,
Ки дигарат хабар аз лаззати маонӣ нест.
Тариқи ҳақ раву дар ҳар куҷо, ки хоҳи, бош,
Ки кунҷи хилвати соҳибдилон маконе нест.
Ҷаҳон зи даст бидоданд дустони Худой,
Ки пойбанди ано ҷуз ҷаҳонситонӣ нест.
Нигоҳ дор забон, то ба дӯзахат набарад,
Ки аз забон батар андар ҷаҳон зиёне нест.
Амал биёру алам бармакун, ки мардонро,
Раҳе салимтар аз ки бенишоӣ нест.
Кафи ниёз ба даргоҳи бениёз барор,
Ки кори марди худо ҷуз Худойхонӣ нест.
Махур чу беадабон гову тухм, к-эшонро,
Умеди хирману иқболи онҷаҳонӣ нест.
Макун, ки ҳайф бувад дуст бар худ озурдан,
Алалхусус, мар он дустро, ки сонӣ нест.
Чӣ суд резиши борони ваъз бар сари халқ,
Чу мардро ба иродат садафдаҳоиӣ нест.
Замин ба теғи балоғат гирифтаӣ Саъдӣ,
Сипос дор, ки ҷуз файзи осмонӣ нест.
Бад-ин сифат, ки дар офоқ сити шеъри ту рафт,
Нарафт Даҷла, ки обаш бад-ин равонӣ нест.
На ҳар кӣ даъвии зуроварӣ кунад бо мо,
Ба сар барад, ки саодат ба паҳлавонӣ нест.
Вале ба хоҷаи аттор гӯ, ситоиши мушк,
Макун, ки буи хуш аз муштарӣ ниҳонӣ нест.
🏵️ 🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🍃🌹🌻 🌼 🍁
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1