Рӯзи Ҷумъа рӯзи муборак аст, рӯзи пурфазлу бо баракат ва шарофатманду дилпазир.
Рӯзи Ҷумъа рӯзи саид, рӯзи дилхушии муъминон ва ибодатгарон, рӯзи ризоятмандии Худованд барои бандагонаш.
Рузи Ҷумъа рузи дуъо, Рӯзи тавба ва истиғфор ва рӯзи салавоту дуруди бекарон бар Пайғамбари Худо саллоллоҳу алайҳи васаллам.
Рӯзи Ҷумъа рӯзи аввалу охири олам ва дунё, рӯзи якдилию якдигарфаҳмии мӯъминон барои Худо ва ризоъи Худованд.
Аммо баъд Ассалому Алайкум ва Раҳматуллоҳи ва Баракотуҳу ва мағфиратуҳ, Бародарону хоҳарони Исломӣ ҳамаи шуморо бо субҳи Саиди Ҷумъа табрик гуфта ба шумо дар ин рӯзи иҷобати Дуъо ва сарҷаъмии Муъминон иҷобати Дуъоҳо Қабули тоъату Ибодатҳо, Мағфирати гуноҳон, Саодати ин дунё ва Охират, бахт ёфтани бебахтон фарзандор шудани бефарзандон озод шудани зиндониён шифои беморон аз Даргоҳи Яздони Пок таммано дорам.
Омин ё раббулоламин.
Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадив ва ъало оли Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.
Бираҳматика ё Арҳамарроҳимин.
Азизони Дил,
Шумо низ дар ҳаққи бандаи ҳақир Дуъои неки худро дареғ надоред.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев