🔸 Матни пурсиш:
Хонаводае як духтари як соларо аз парваришгоҳ гирифтаанд ва чанд вақти қабл мавориди маҳрвмиятро аз ҳазрати аллома савол кардаанд ва ҷавоби комилро дарёфт кардаанд ки ҳеҷ як аз шаройити маҳрамиятро надоштанд, вале алъон ки фарзандхонда як солу ҳашт моҳа шуда, ба тозагӣ зани бародари падархонда фарзанде таваллуд карда ва шаройити ширдиҳӣ барояш фароҳам шудааст, вале бо таваҷҷуҳ ба инки бача бузург аст ва аз макидан худдорӣ мекунад, баъзе гуфтаанд ки агар 15 бор мутаволӣ битавонед ба даҳони бача шир бидӯшед ва ӯ қурт бидиҳад, маҳрамият байни падар ва духтар эҷод мешавад. Ҳол ин хонавода паём додаанд ки аз ҳазрат бипурсед агар мо бачаро давои хоб бидиҳем ва битавонем бидуни инки дар байни он чизе бихурад 15 бор пай дар пай ба ӯ аз шири зани амакаш бихунонем, оё дар ин сурат маҳрамият байни духтар ва падар хондааш ҳосил мешавад?
🔸 Матни посух:
Худованд дар китоби худ заноне ки ба инсон шир додаандро ба манзалаи модар ва аз ҷумлаи маҳорими ӯ дониста ва фармудааст: ﴾وَأُمَّهَاتُكُمُ اللَّاتِي أَرْضَعْنَكُمْ﴿[п/1]; «Ва модаронатон ки ба шумо шир додаанд» Ва бо ин васф, ҳаргоҳ зане ба духтаре шир бидиҳад, ҳукми модари ӯро пайдо мекунад ва табъан сипас маҳрамияти ӯ ба бархӣ наздикони худ аз ҷумла шавҳар ва бародари шавҳараш мешавад, машрут ба инки аввалан шир додан ба духтар дар даврони ширхорагии ӯ яъне қабл аз расиданаш ба ду соли комили қамарӣ бошад, бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд фармудааст: ﴾وَالْوَالِدَاتُ يُرْضِعْنَ أَوْلَادَهُنَّ حَوْلَيْنِ كَامِلَيْنِ ۖ لِمَنْ أَرَادَ أَنْ يُتِمَّ الرَّضَاعَةَ﴿[п/2]; «Ва модарон фарзандони худро ду соли комил шир медиҳанд барои касе ки мехоҳад шир доданро комил кунад» Ва сониян шир додан ба духтар ба сурати комил ва ба андозае бошад ки табиъатан дар рушди ӯ муъассир аст ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2788/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев