🔸 Матни пурсиш:
Назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мавриди улуми дигари ақлӣ ғайр аз фалсафа чист? Мисли илми мантиқ ва илми калом? Чун ишора доштаанд ки ба илми фалсафа алоқа надоранд; Зеро онро хеле таҷридӣ ва ғайри корбурдӣ медонанд. Оё дар мавриди илми калом ва илми мантиқ ва сойири улуми ақлӣ ки дар сатҳи ҳавзаҳо ва донишгоҳҳо тадрис мешавад ҳам ҳамин назарро доранд?
🔸 Матни посух:
Илми калом, илми корбурдӣ ва судманд аст, ҳаргоҳ мақсуд аз он шинохти ақойиди Ислом аз рӯӣ бурҳон ва дифоъ аз онҳо дар баробари шубаҳоти мункирон бошад; Чунонки сухани Худованд бар ин нукта далолат дорад онҷо ки фармудааст: ﴾ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ﴿[п/1]; «Бо ҳикмат ва андарзи неку ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо онон ба наҳвае ки беҳтар аст ҷидол намо» Ва фармудааст: ﴾قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ﴿[п/2]; «Бигӯ бурҳони худро биёваред агар росгӯён ҳастед», на муҷодила аз тариқи муғолита ва бозӣ бо истилоҳот барои дифоъ аз ақойиде ки бурҳоне барои онҳо вуҷуд надорад; Чунонки сухани Худованд бар ин нукта далолат дорад онҷо ки фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1568/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев