Кирм чормағзро сӯрох карда вориди он мешавад. Ва он чӣ дар дохили чормағз аст, мехурад. Сер мегардад, аммо чунон фарбеҳ мешавад, ки дигар берун баромада наметавонад. Чормағз ҳам хеле хушк мешавад, ки сӯрох карданӣ он ғайри имкон аст. Ягона чора, ин харобшавӣ мебошад. Гурусна мемонад ва ба аҳволи пешина мерасад. Хароб мешавад ва аз сӯрохи мебарояд, аммо мавсим сипари шудааст. Ғайр аз пӯчоқи чормағз чизе боқӣ намондааст.
Аҳволи аксари инсонҳо ҳам чунин аст. Ба ҷам овардани молу мулк ва ҳирси беандоза умрашонро ба охир мерасонанд. Баъди чанд муддате аз ҳама чиз дилгир мешаванду "бас аст" мегӯянд. " Бас аст" мегӯянд, аммо аз умр дигар чизе ҷуз маризию табобат намондааст. Яъне танҳо фасли зимистони умр боқи мондааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3