Яке аз девҳо, бо садои баланд гуфт:
- Сарваташро дуздед.
Сардори шайтонҳо ҷавоб дод:
- Балки, мо ӯро афзун мегардонем, то он гоҳ ки мушкилоташ зиёд шавад, ранҷу азобаш зиёд шавад.
Яке аз шайтонҳо аҳли маҷлис гуфт:
- Мо ақли ӯро медуздем...
Шайтон гуфт:
- Пас ақли ӯ дар бораи ранҷу азоби ӯ чӣ гуна ҳис мекунад?
Инак, Шамъа ном шайтони маккор бархосту гуфт:
- Эй сардори мо, душмани ҳама некиҳо, хушбахтӣ ҳадафи ниҳоии ҳар як инсон аст, биёед хушбахтии ӯро медуздем!
Сардори шайтонҳо Иблис розӣ шуд ва боварӣ ҳосил кард, ки гуфтаҳои ин шайтон дуруст аст. Тавофуқ карданд то хушбахтии инсонро бидузданд. Ин воқеан қиматтарин чизест, ки инсон дорад.
Онҳо мушкилоти дигар доштанд.
Хушбахтиро дар куҷо пинҳон созанд, то инсон онро наёбад.
Яке аз шайтонҳо гуфт:
- Дар қаъри баҳр.
Дигаре гуфт:
- Дар охири замин.
Иблис яъне сардори шайтонҳо гуфт:
- То он даме ки ӯ самолёти байниқитъавӣ ва киштии зериобиро ихтироъ кунад, чандсад сол мондааст!
Пас ҳамон шайтон бо номи Шамъа аз ҷо бархоста гуфт:
- Эй шайтон. Эй соҳиби ҳама бадиҳо, ки мехоҳи инсони мазлум бахти худро наёбад. Дар ҷое пинҳон кун, ки инсон ҳеҷ фикрашро намекунад! Онро дар умқи дилаш пинҳон кун! Онро дар сарват меҷӯяд намеёбад, дар иззату ҷалол меҷуяд намеёбад, дар дигар майдонҳо меҷуяд намеёбад, аммо фикр намекунад ки хушбахтӣ дар даруни ӯст, на дар берун!
Сардори шайтонҳо Иблис ба ин шайтон саҷда кард ва ҳамчун мукофот ба ӯ кӯраи оташ дод.
__Аз он вақт инҷониб инсон хушбахтиро ба ҷуз қаъри дилаш дигар дар ҳама ҷо меҷӯяд.
Дарс ин аст, Шумо ягона шахсе ҳастед, ки хушбахтӣ шуморо эҷод мекунад, аммо Шумо дар ҷустуҷӯи хушбахти пир мешавед..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев