Марде дар ҳама ҷо овоза паҳн кард, ки ҷавони ҳамсояаш дузд аст.
Дар натиҷа он ҷавонро бо гумони дуздӣ ба маҳкама кашиданд. Аммо баъди чанд рӯз бегуноҳии ҷавон исбот шуду ӯро ба озодӣ ҷавоб доданд.
Ҷавон аз болои марди ҳамсоя барои дар ҳақи ӯ туҳмат заданаш шикоятшикоятнома навишт.
Ҳангоми мурофиаи судӣ мард худро сафед кардан хоста, гуфт:
- Инҳо танҳо суханони хушку холӣ буданд, ман ба касе зарар расондан намехостам.
Сипас судя ба ӯ муроҷиат намуда, гуфт:
- Қабл аз он ки ман ҳукм барорам, аз шумо хоҳиш мекунам, ҳама суханҳое, ки нисбати ин ҷавон гуфта будед, дар рӯи ин коғаз бори дигар нависед, баъдан онро пора-пора кунед ва ҳангоми бозгашт аз тирезаи мошин ба берун ҳаво диҳед. Мо пагоҳ мурофиаро идома медиҳем.
Рӯзи дигар судя ба мард рӯ оварда гуфт:
- Акнун ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки рафта ҳамаи он коғазпораҳоро, ки аз тирезаи мошин ҳаво дода будед, чида биёред.
- Охир ин ғайриимкон аст, - фарёд зад мард. – Шамол онҳоро пароканда кард, ман онҳоро аз куҷо пайдо карда метавонам?
Судя гуфт:
- Ана ҳамин тавр, суханҳои пучу холӣ, ки ҳама ҷо паҳн шудаанд, метавонанд рӯзгори як нафареро доғдор сохтаву барбод диҳанд ва баъди ин дигар чизеро наметавон ислоҳ намуд ё не...???
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев