_________________________________________________
Дарахти ғам ба ҷонум карда реша,
Ба даргоҳи Худо нолум ҳамеша.
Рафиқон қадри якдигар бидонед,
Аҷал санг асту одам мисли шиша.
*************
Агар ёри маро дидӣ ба хилват,
Бигӯ: Эй бевафо! Эй бемурувват!
Гиребонам зи дастат чок-чок аст,
Нахоҳам дӯхт то рӯзи қиёмат!
***********
Ҳар он кас ошиқ аст, аз ҷон натарсад,
Яқин аз банду аз зиндон натарсад.
Дили ошиқ бувад гурги гурусна,
Ки гург аз ҳайҳайи чӯпон натарсад.
***********
Бимирам то ту чашми тар набинӣ,
Шарори оҳи пурозар набинӣ.
Чунон дар оташи ишқат бисӯзам,
Ки аз ман ранги хокистар набинӣ
**********
Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,
Ҳар он чӣ дида бинад, дил кунад ёд.
Бисозам ханҷаре нешаш зи фӯлод,
Занум бар дида, то дил гардад озод!
*********
Баҳор омад ба саҳрову дару дашт,
Ҷавонӣ ҳам баҳоре буду бигзашт.
Сари қабри ҷавонон лола рӯя,
Даме, ки маҳвашон оян ба гулгашт.
**********
Диле дирам, харидори муҳаббат,
К-аз ӯ гарм аст бозори муҳаббат.
Либосе бофтам бар қомати дил,
Зи пуди меҳнату тори муҳаббат.
*********
Шаби сармову сангистону му маст,
Қадаҳ аз дасти му афтиду нашкаст,
Нигаҳдорандааш некӯ нигаҳ дошт,
Вагарна сад қадаҳ н-афтода бишкаст.
********
Ду зулфонат бувад тори рубобам,
Чи мехоҳӣ аз ин ҳоли харобам.
Ту, ки бо му сарӣ ёрӣ надорӣ,
Чаро ҳар нимашаб ойӣ ба хобам.
***********
Сиёҳии ду чашмонат маро кушт,
Дарозии ду зулфонат маро кушт.
Ба қатлам ҳоҷати тиру камон нест,
Хами абрӯву мижгонат маро кушт.
**********
Ба қабристон гузар кардам каму беш,
Бидидам қабри давлатманду дарвеш.
На дарвеш бекафан дар хок рафта,
На давлатманд бурда
*******
Магар шеру палангӣ, эй дил, эй дил,
Ба му доим ба ҷангӣ, эй дил, эй дил.
Агар дастам фитӣ, хунат биреҷам,
Бивинам то чи рангӣ, эй дил, эй дил.
✍️БОБОТОҲИРИ УРЁН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1