Зиндагӣ дар роҳи Худо, пур аз фитнаҳо ва имтиҳоноти сахту душвор аст. Аз баъзе уламои ислом нақл шудааст, ки гуфтаанд: "Зиндагӣ дар роҳи Худо, душвортар аз мурдан дар роҳи Худо аст"
Худованди мутаол мефармояд:
"Оё мардум гумон кардаанд, ки ҳамин, ки бигӯянд имон овардем, ба ҳоли худ раҳо мешавад ва озмоиш намегарданд?"
Ширинии имон ва саодати дарунӣ дар сабр пеша кардан ва ғалаба намудан бар мушкилоту сахтиҳои ин роҳ эҳсос мегардад. Ҳамин сахтиҳо аст, ки боис мешаванд нафси инсон сайқал ёбад, тазкия шавад ва дар ниҳоят бо хушнудӣ ва ризояти комил ба сӯи Парвардигораш бар гардад.
Яке аз бузургони роҳи ҳақ гуфтааст: "Душманонам бо ман чи хоҳанд кард? Ҳабси ман хилвате аст барои ибодат, табъид ё бадарға карданам навъе саёҳат ва куштани ман шаҳодат аст".
Лаззати имон ва саодати даруниро фақат касоне дарк мекунанд, ки имони худро қавӣ нигаҳ медоранд ва ҳамвора дар ин масир соҳибқадам ҳастанд. Онҳо касонеаед, ки фармудаҳои Худовандро ба хубӣ иҷро намуда, аз тамоми он чи Худованд манъ намудааст, дурӣ меҷӯянд.
Пас ҳар чанд, ки сахт аст, аммо ширину боарзиш аст ва лаззати саодате дар ин масир вуҷуд дорад, ки тамоми ҳокимон, сарватмандон ва миллиардерҳои ҷаҳон ҳар коре мекунанд, ба он намерасанд.
Иброҳим Адҳам мефармояд: "Агар подшоҳон ва фарзандони онҳо медонистанд, ки мо дар чи саодате ҳастем ва аз чи неъматҳое бархурдор ҳастем, барои ба даст овардани ин хушбахтӣ бо шамшерҳшяшон бо мо меҷангиданд".
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев