Кай кони шакарро ба магасҳо парвост?!
Мурғе, ки бар он кӯҳ нишасту бархост,
Бингар, ки дар он кӯҳ чи афзуду чи кост.
_________________________ Мавлоно
Мавлоно дар ин мухтасари абёт чи қадар зебо ва равоншиносона ҳашараи магасро намоди афкори музоҳим ва беҳудае баён кардааст, ки маншаъи он, зеҳни худамон ва илқооти манфии муҳит ва ҷомеа аст. Ин магасҳо бо оби даҳони худ ба дуру гуҳари вуҷуди мо чунон танидаанд, ки пок кардани онҳо ҳиммати олӣ ва талоши хастагинопазир металабад. Ҳарчи зудтар, беҳтар ва ҳарчи дертар, бадтар.
Мавлоно алорағми сахт буданди авзоъ дар ин самт, ҳаргиз моро ноумед намекунад ва дар байти дуввум моҳирона ва ҳайратангез гавҳври вуҷуди инсонро ба кӯҳе ташбеҳ мекунад ва мегӯяд: "Гарчи як паранда (афкори манфӣ) метавонад бар ин кӯҳ биншинад, аммо ҳаргиз аз нишастан ва бар хостани он, чизе бар кӯҳ намеафзояд ва чизе аз он кам намешавад".
Ҳамин тасвирсозии байти охирро метавон ҳамчун як муроқибаи бисёр қудратманд донист.
#рубоӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1