Ашт дар нишебаҳои ҷанубу шарқии қаторкӯҳӣ Қурама воқеъ аст. Аз маркази Ашт то ш. Ленинобод 107 км, то ш. Душанбе 448 км. То станцияи роҳи оҳани наздиктарин (Рапқон) 35 км. Масоҳаташ 2,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 52,1 ҳазор нафар (1976), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбакҳо, русҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 - 18,6 нафар. Ашт дорои 6 Совети қишлоқ— Ашт, Ошоба, Понғоз, Пунук, Қамишқурғон, Ҷарбулоқ ва 2 птш: Гулшан, Ашт (маркази район). Терретории район хеле ноҳамвор, қисми шимолу ғарбиро нишебаҳои қаторкӯҳӣ Қурама, қисми ҷанубу шарқиро ҳамвории водии Фарғона ташкил медиҳад. Нуқтаи баландтаринаш аз соҳили баҳр 3768 м (қуллаи Бобои Об), пасттаринаш — 346 м (сатҳи обанбори Қайроқум). Дар қисми ҷанубу ғарбӣ дашти Ашти Калон ва кӯҳу теппаҳои Оқбел, Махавтоғ, Бахмалтеппа, Мӯлчоқтеппа (баландиашон 700—1000 м) воқеанд. Ашт аз конҳои полиметалл, флюорит, намаки ош ва ашьёи хоми бинокорӣ, санги мармар бой аст. Иқлими район субтропикии хушк, тобистони ҳамвориҳо гарм, зимистонаш мӯътадил. Ҳарорати миёнаи июль 27,7°С, январ- 1,70С. Боришоти солона 180 мм. Дар кӯҳҳо тобистон салқин, зимистон хунук (июль 16—20°С, январ —6, —8° С). Боришот нисбатан зиёд (бештар аз 400 мм). Давраи нашв (аз + 5°С зиёд) 259 рӯз. Сойҳои Ашт (Понғоз, Мулломир, Ошоба, Ғудос, Ашт) камоб, то дарёи Сир намерасанд. Оби кӯли Оқсукон шӯр ва лойқааш табобатист. Дар Ашт хелҳои гуногуни хокҳои хокистарранг, баъзан шӯр ва дар кӯҳҳо ҷигарранг вомехӯрад. Наботот дар ҳамвориҳо хусусияти биёбонӣ, нимбиёбонӣ дорад. Дар доманаи кӯҳҳо гиёҳҳои дашти мерӯянд. Қисми миёнаи кӯҳҳоро арчазори сирак ва аз он болотарро марғзори субальпӣ фаро гирифтааст. Дашти Ашти Калон қисман аз Канали Шимоли Фарғона ва пармачоҳҳо обьёрӣ мешавад. Дар даштҳои беоб гиёҳҳои хоклес, янтоқ, ҷорӯбак, зағоза, шибоғ, шӯра, ишлон, ҳазориспанд, анғӯза ва ғ.; дар кӯҳу нишебаҳо бурс, бодом, зирк, дӯлона, ҳафтпӯст, зағоза, аврук, настаран, гиёҳҳои дорувории ҷаҷа, тавланг (ғазна), қоқу, чойалаф, ҳулбӯ, зуф ва ғ. мерӯянд. Дар маҳалҳои аҳолинишин дарахтони биҳӣ, зардолу, себ, шафтолу, чормағз, ангур, олуча, гелос, тут, нок, мурӯд, санҷид, олуболу, сафедор, маҷнунбед, сада ва ғ. бисьёранд. Олами ҳайвоноташ гуногун, дар кӯҳу даштҳо калтакалос, калламуш, муш, мири мушон, морҳои гуногун (мори афъӣ, мори чипор, тирмор, кӯрмор); гург, гуроз, рӯбоҳ, шағол, оҳу, бузи кӯҳӣ ва ғ.; аэ паррандаҳо калхот, уқоб, кабк, булбул, бедона, тазарв, бум, чуғз, кабки ҳилол, фароштурук, мусича, зоғ, зоғча, якка, кабутар, гунҷишк, эзорсурхак, соч, фотимачумчуқ, ҳудҳуд ва ғ. вомехӯранд. Соҳаҳои асосии хоҷагии райони Ашт— пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ. Ғалла (гандум, ҷав, сулӣ, ҷуворимакка), сабзавот ҳам кишт карда мешавад. Соли 1976 дар район 6 колхоз ва 2 совхоз, хоҷагии ҷангал вуҷуд дошт. Колхозҳо, совхохҳо ва маркази онҳо: ба номи Киров (Пунук), ба номи Ленин, (Қирққудуқ), «Коммунизм» (Янги Сарой), ба номи Энгельс (Понғоз), «Правда» (Ашт), ба номи Калинин (Аппон), совхозҳои: ба номи Эрйигитов (Қамишқурғон), «Съезди 25 КПСС» (пос. Гулшан). Майдони умумии заминҳои хоҷагии қишлоқ 11000 га, аз он ҷумла майдонҳои кишти пахта 5163 га, ғалла 852 га, обчакорӣ 179 га, боғдорӣ 1638 га, кишти зироатҳои хӯроки чорво 2720 га, алафзорҳои табиӣ 443 га. Шумораи чорво дар колхозу совхохҳо (1976): чорвои калони шохдор 4437 сар, гӯсфанду буз 109 364 сар, асп 482 сар. Район с.1976 ба давлат 14949 т пахта, 1374 т гӯшт, 1648 т шир, 170 т пашм, 1582 ҳазор дона тухм, 837 т мева, 326 т ангур, 1824 т сабзавот ва 61,03 т пилла фурӯхт. Дар район заводҳои консерви меваю сабзавот (Ашт), намаки ош (Қамишқӯрғон), иттиҳодияи чеварони хонакор ва комбинати хизмати маишӣ хаст. Соли таҳсили 1975—76 дар Ашт50 мактаб, аз ҷумла 25 мактаби миёна, 14 мактаби 8-сола, 10 мактаби ибтидоӣ, 1 мактаби мусиқӣ буд, ки 15223 нафар хонанда дошт. Ба онҳо 1138 нафар муаллимон таълим медоданд. Ашт дорои 8 касалхона ва як таваллудхонаи марказӣ, 7 дорухона, 32 пункти тиббӣ, 26 китобхона, 26 клуб, 2 хонаи маданият, хонаи пионерон мебошад. Нақлиёти асосии район автомобили ва ҳавоӣ, роҳҳои байни деҳаҳои калон асфальтпӯш. Аэропорт дар Ашт. Газетаи район «Шӯҳрати Ашт» (соли таъсисаш маи 1934).
С. Камолиддинов.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 13