Бародар з-ин хама гамхо, бигуям йо ки мегуйи.
Аз ин берахмии бунйо,бигуям йо ки мегуйи.
Дар ин умри кутах охир, нафахмидам макомамро,
Зи кори ахли бетакво, бигуям йо ки мегуйи.
Симойи мохруйонро,чилои хусни хуронро,
Ба харфи калби бепарво, бигуям йо ки мегуйи.
Танури беалав хомуш, ба йоди хору хас сузад,
Сухан аз нони зери по, бигуям йо ки мегуйи.
Мухаббатхои якмоха,вайо ишки дусеруза,
Зи мехри дар сари савдо, бигуям йо ки мегуйи.
Писарро бо падар чангаст,дуро ин дахр бас тангаст,
Расид бекадрии дилхо,бигуям йо ки мегуйи.
Кучо шуд модари пирам,аз ин бедоди дилгирам,
Фигону нола дар шабхо,бигуям йо ки мегуйи.
Барои Акбари умре,сухан аз ишк мегуфтам,
Кунун эй хамнафас инчо, бигуям йо ки мегуйи.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев