Предыдущая публикация
Синаи чоки fарибон сухт,сухт.
Аз барои хешу ёрон сухт,сухт.
Тифли худ нодида навшах дар сафар,
Дар фирокаш додгуён сухт,сухт.
Модари аз пораи калбаш чудо,
Дар дами пири зи хичрон сухт,сухт.
Ошики дилдода ночору залил,
Андаруни оху афfон сухт,сухт.
Туйи фарзандаш надида он падар,
Дар диёри пур зи исён сухт,сухт.
Гашта аз марзи ватан дур Акбари,
Дид холи чумла мардон сухт,сухт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Фарзанди калони хонадонам.
Марвориди чашми волидонам.
Бо амри Худо ба мулки fурбат,
Дар хизмати марди беимонам.
То ин ки бийобам лаби ноне,
Нокис шуда чи
сму тану чонам.
Мушбача барин ба хар сурохи,
Аз хавфи ду-се гурба нихонам.
Эй бин,ки маро чу хар саворанд,
Чоруб шуда мичгону забонам.
Дидам,ки яке ба гиря мегуфт,
Дар хасрати руйи очачонам.
Дигар ба алам дахан кушуда,
Гуфто,ки шикаста устухонам.
Мардони ба синни чил расида,
Гуянд,ки хам гашта мийонам.
Хар хафта савори аспи чубин,
Ночор бародарони чонам.
Бас кун! Сухан кифоя Акбар,
Бар халки бузурги Точиконам.