Барои патент саволамДар #такси кор кардаги будам як сол пеш #патент доштам бад #Россия рафтам патента махкам накарда чй мешад?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
#ТАРТИБИ_ҚАТЪ_КАРДАНИ_ПАТЕНТ
- Андозсупорандаро зарур аст,
ки ба шуъбаи баҳисобгирии даромадҳо барои ҳисоббаробаркунӣ
ва дигар шуъбаҳои дахлдор оид ба
тартиб додани санади муҷоисавӣ,
гирифтани маълумот дар хусуси
қарздор набудан муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои лозимаро дастрас
кунад, - мегӯяд Ҳ. Нуров. – Сипас,
ҳуҷҷатҳои болозикрро ба шуъбаи
бақайдгирии давлатӣ бо иловаи
нусхаи шиноснома, патенти аслӣ
ва аризаи шакли 09-и мақомоти
анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намояд. Андозсупоранда мутобиқи Стандарти ягонаи
хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар муҳлати се рӯзи корӣ, пас аз
супоридани ҳуҷҷатҳо, аз Феҳристи
ягонаи давлатӣ оид ба қатъ шудани
фаъолияти патент Иқтибос дастрас
менамояд. Дар ҳолати риоя накардани ин талабот патенти андозсупоранда фаъолияткунанда боқӣ
монда, ҳар моҳ маблағи патент зам
мешавад.
С. РУСТАМ,
вилояти Хатлон .Маълумот аз ҳафтномаи боҷу хироҷ