Меъёри андоз тибқи андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1.1 Барои объектҳои молу мулки ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашавандаи то 90 метри мураббаъ - ба андозаи 3 фоиз; 58 * 3 / 100 = 1,74 сомонӣ барои 1м²;
1.2 Барои объектҳои молу мулки ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқомати истифодашавандаи зиёда аз 90 метри мураббаъ - ба андозаи 4 фоиз; 58 * 4 / 100 = 2,32 сомонӣ барои 1м²;
2.1 Барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хўроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашаванда то 250 метри мураббаъ - ба андозаи 12,75 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯрғонтеппа ва Кӯлоб - ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур 58 * 12,75 / 100 = 7,39 сомонӣ барои 1м² барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯрғонтеппа ва Кӯлоб - 58 * 12,75 / 100 = 7,39 * 2 = 14,79 сомонӣ барои 1м²;
2.2 Барои объектҳои ғайриманқули оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хўроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 250 метри мураббаъ - ба андозаи 15 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯрғонтеппа ва Кӯлоб - ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур; 58 * 15 / 100 = 8,7 сомонӣ барои 1м²
3.1 Барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашаванда то 200 метри мураббаъ - ба андозаи 9 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯрғонтеппа ва Кӯлоб - ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур; 58 * 9 / 100 = 5,22 сомонӣ барои 1м²
3.2 Барои объектҳои ғайриманкул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 200 метри мураббаъ - ба андозаи 12 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯрғонтеппа ва Кӯлоб - ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур; 58 * 12 / 100 = 6,96 сомонӣ барои 1м² барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯрғонтеппа ва Кӯлоб - 58 * 12 / 100 = 6,96 * 2 = 13,92 сомонӣ барои 1м²;
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 11
1 м² дар ҳар ҳолат ҳархел мебияд вобастаги дорад аз шаҳруноҳияҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ва боз барои фаъолияти савдо