Предыдущая публикация
МАСЧОИ АЗИЗИ ВАТАНАМ МЕСУЗАД...
( Ба хотираи пири шариат ва тариқатам Мирзоюсуфи Фозил)
------------------------------------------------
Ҳар як нафасам зи рафтанаш оҳ шуда,
Субҳам надамида асту бегоҳ шуда.
Мирам,ки зи ағбаи баланди Масчо
Маҳтоб фитода асту дар чоҳ шуда...
* * *
Аз рафтани ӯ дилам на сирф об шуда,
Дар халтаи синаам чу зардоб шуда!
Дар пуштаи пушти пуштаи Маҳтобӣ
Хуршед нишаста асту дар хоб шуда...
* * *
Аз рафтани ӯ дилам зи ғам месӯзад,
Норафта ба дафтарам,қалам месӯзад!
Дидам зи баландиҳои Пакшиф,эй вой,
Масчои азизи ватанам месӯзад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Эй ишқӣ Худовандӣ.
Устоз ба Худо савганд,
Ту ҷилвайӣ мойонӣ.
Ту оинӣ ниёгонӣ,
Ҳам раҳматӣ Раҳмонӣ.
Ту ваъдайи Пайғамбар,
Аз аҳлӣ бузургонӣ.
Шехназаров Муҳаммад