Қиссаи воқеӣ
Дар ҳуҷраи корӣ нишаста будам,ки як мӯйсафеди солхӯрдае,ассалому алайкум,домулло мумкин аст даромадан гӯён иҷозат пурсиду дохили хуҷра шуд.Аз ҷои худ хеста,ӯро қабул карда рӯ ба рӯяш нишастам.
Пас аз аҳволпурсӣ,худро муаррифӣ карду аз куҷо ва бо кадом мақсад омадани худро баён карда гуфт:Шукр,ки шуморо дарёфтам,мехостам бо шумо сӯҳбате карда бошам:Ман солҳои зиёд шудааст,ки аз ин шаҳр ба пойтахт кӯчидаам,кору зиндагиам онҷост агарчӣ нафақахурам ва ҳар бор чун фурсат даст диҳад меояму хонаи падару модарро,ки он ҷо додарам бо фарзандонаш зиндагонӣ доранд,зиёрат мекунам ва хешу табор ва дӯстонро мебинам, чун дил ором мешавад аз дидори дӯстон, ба пойтахт бозмегардам.
Чанд сол пештар додарам бо кадом мақсаде хост хонаи падариро фурӯшад ва ман монеаи он шудаму гуфтам:Хонаи падарӣ аст,нархашро аниқ кун,ман ин хонаро аз ту мехарам,инро гуфту аз чашмони мӯйсафед ашк ҷорӣ шуд,худро ба даст гирифта,сӯҳбаташро идома дода гуфт:Домулло!Пули гуфтаашро додам,аз ин байн чанд сол гузашт.Имрӯз омадам,то ҳуҷҷатҳои хонаро гираму ҳамаро мувофиқи қонун қоидавӣ карда бошам.Аммо,афсӯс додарам рад дораду бар ин зид аст ва суханони маро қабул надорад.
Домулло!Ман инҷо барои шикояткунӣ наомадаам,шумо ӯро мешиносед,гоҳ-гоҳ ба масҷид меояд,ман фақат ҳаминро мехоҳам донед,ки ӯ падарро мезад ва ман боре шоҳид будам,падар бемори пистарӣ буданду аз задани ӯ ба дод омада бо оби дида дуо карданд,ки.....дигар мӯйсафед натавонист сухани худро идома диҳад,гиря гулӯгираш карда буд.
Гуфтам:Амак!Худои меҳрубон аз шумо розӣ бошад,падару модаратонро раҳмат кунад,фақат гиря накунед,мо ба умеди охиратем ва Худованди мутаъолро хоҳонам,ки охирати ҳамаамонро обод кунад,фаромӯш накунед,ки Паёмбари бузургвор(дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд:Аллоҳи бузург сазои се гуноҳро ба охират намегузорад ва дар ҳамин дори дунё ҳисобро баробар мекунад:
1) Дар муқобили некӣ бадӣ кард, албатта ба ӯ бадӣ карда мешавад,
2) Зулм кард,ба ӯ зулм мекунанд,
3) Ба падару модар,фарзанд чӣ хел хизмат кард аз фарзандҳояш мебинад...
Пас аз ин мӯйсафед каме ором шуду гуфт:Домулло!Ман хестам,меравам ва бисёр мехоҳам дар ҳаққи гузаштагонам дуои нек карда бошед.
Аз ин сӯҳбате,ки ман бо он мӯйсафед доштам даҳ ва ё дувоздаҳ рӯз нагузашта,нафаре аз шогирдон,пас аз баргузории намоз гуфт:Домулло!Ҳамин рӯз барвақтар пеш аз намоз ба масҷид омадам то дар ин ҷо вузӯ гирам,таҳорат кунам гуфта.Дар дохили масҷид касе набуд,ба ғайр аз мӯйсафеде,ки бо оби дида ба сутуни масҷид такя дошту гиря мекард.Наздиктар рафтаму дидам фалонӣ аст,аз аҳволаш пурсон шудам,гуфт:Писарам маро зад,аз алами он гиря дорам....
Аз шунидани ин сухан дар як муддати хеле кӯтоҳ ба дунёи ботинии худ рафтаму гуфтам:Ин бозгашт аст,бозгашт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
http://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=54347318231053&_prevCmd=userFeeds&tkn=3483